Formula novemver 2024
ДАҒАЛИИ ПУЛЧИНАКИ ХУРДСОЛ ВА БЕОДОБИИ ҶАВОНОН ДАР НАҚЛИЁТ
4042


Се сол мешавад, ки донишҷӯ ҳастам. Қариб ҳар рӯз аз нақлиёти мусофирбарӣ истифода мекунам. Баъзан вақт худ ба худ мегӯям, ки “зӯр-а бо 1 сомониву 60 дирам тамоми шаҳрро гирд мегардӣ”.

Ҳамонро ҳам баъзан вақт 1 сомониву 40 дирам медиҳем, агар 2 нафар бошем, 3 сомонӣ медиҳем. Дар ин бобат ман ба ронандаҳову пулчинакҳо миннатдорам, ки мо, донишҷӯёнро аз рӯи кадом нишонаамон мешиносанд ва ягон сухани пасту баланд намегӯянд. Ин дар ҳолест, ки агар пулчинак сари вақт бақияро надиҳад, мусофирон аз қафо овоз баланд карда, дод мезананд, ки “20 дирамамро деҳ!” Бечора пулчинак узромез мегӯяд:

-Ҳозир апаҷон, шавад медиҳам!
-Не ҳозир те, ки фаромӯш мекунӣ, охир агар 20 дирам ман надошта бошам, маро савор намекунӣ-ку,-фиғон мекашанд баъзе мусофирон.

Ин ҳолатро дида, дилам сиёҳ мешавад, ки наход одам барои барои 20 дирам ҳамин қадар ғавғо бардорад, охир ҳамон пулчинак ҳам одам аст ва зиндагӣ ӯро маҷбур кардааст, ки бо ҳамин кор машғул шуда, барои аҳли хонаводааш як луқма нон ёбад.

Аммо ростӣ баъзе пулчинакҳое низ ҳастанд, ки аз ҳад мегузаронанд. Як рӯз ҳангоми аз Шарқи Озод ба хона баргаштан ба хатсайри № 54 нишастам ва бо гумони он ки пулчинак надорад, пулро ба ронанда дароз кардам. Яку якбора бо асабоният аз таги дар як кӯдак овозашро баланд кард “ээээ мара сумта бте шофиёра не”. Ҳайрон шуда пулро дароз кардам ва бақияашро гирифтам. Пас аз он аз пулчинак пурсидам, ки синфи чанд мехонӣ? Бо абрӯвони хамида дӯғу “пӯписакунон ҷавоб дод:
-Корут набоша”.

Дигар чи гуфтанамро надониста то фаромаданам ба ин бачаи дағал, ки шояд синфи 5 ё 6 мехонд, нигаристам. Аз супермаркети “Ёвар” як зан бо тифли хурдсолаш ба маршрутка савор шуд. Зан тангаҳои дар дасти писараш бударо гирифта шуморид, ки 1 сомониу 60 дирам баромад, вале ҳарчанд “биё бачам тангаҳоро ба акаш тием” мегуфт, кӯдак розӣ нашуда гиря мекард. Билохира, зан илоҷе карда пулро аз дасти писарча гирифта ба пулчинак дод, вале пулчинак “1 сомону 60 дирами дигар ҳақи бачата бте”–гӯён, ғавғо бардошт.

-Эй, и оли и майдаай,-мегуфт модар базӯр гиряашр нигоҳ дошт.
-Мада фарқ надора, тез сумша рои кн,-якравӣ мекард пулчинак.

Ронанда низ ба моҷаро ҳамроҳ шуд ва “эй занак, ҳақи роҳироя бте, ки ҳозир мефарорам”-гӯён, садо баланд кард.
-Майлаш, мефарояму лекин пул намедиҳам, чунки ҳоло ин кӯдак ҳатто панҷсола нашудааст,-гӯён, зан ночор аз нақлиёт фаромад, зеро аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки охирин тангаҳяшро ба пулчинак дода, дигар дар ҷайбаш ягон тин надорад.

Фикр мекунам ронанда падари пулчинаки хурдсол буд ва эҳтимол “пул бегона нашавад” гуфта, писари наврасро бо худ гирифтааст.

Чизи дигаре, ки ман дар нақлиёт мушоҳида намудам, ин рафтори ҷавонон аст. Соли аввали донишҷӯиям ҳар гоҳ ба нақлиёт савор шавам, медидам, ки баробари савор шудани ягон зан ё духтар ҷавонҳо зуд аз ҷояшон бархоста ба он хонум ҷой медоданд, вале ду соли охир коронавирус ҷавонҳоро гӯё натанҳо ҷисман, балки рӯҳан ҳам бемор карда бошад, дигар на ба зани кӯдакдор ҷой медиҳанду на ба пиразане, ки шояд аз модараш ҳам калонсолтар бошад. Вақте ягон кампир ё мӯйсафед ба нақлиёт савор шуд, ҷавонҳо зуд ба телефонбозӣ сар карда, чунон вонамуд месозанд, ки гӯё он пиракиро аслан намебинанд. Ҷавонон ҳатто ба гӯшаи хаёлашон ҳам намеоранд, ки бузургонамон фармудаанд:
Дар ҷавони дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД