tobiston
Даҳ қарзи мард дар назди зан
06.07.2025
Oila.tj
192

Аксари домуллоҳои мо дар амри маъруф ва маъвизаҳои худ бештар дар бораи қарзҳои зан дар назди шавҳар сухан ронда, бо ҳамин роҳ ҳатмӣ будани эҳтироми шавҳарро ба бонувон талқин менамоянд. Аммо дар бораи вазифаҳои шавҳар дар назди зан чизе намегӯянд. Мехоҳам дар ин бара чанд ҳарф бигӯед.

САРВАРОЙ, н. Восеъ

Посух:

- Албатта ҳурмат кардани шавҳар ва ба ҷо овардани хизмати мард барои зан фарз аст, аммо дар баробари ин мардон низ дар назди занони худ вазифаҳое доранд, ки бояд ҳатман онҳоро анҷом диҳанд. Имрӯз мо дар бораи 10-қарзи мард дар назди ҳамсараш ба шумо маълумот медиҳем.

Масъулиятҳои асосии мард дар назди ҳамсараш инҳоянд:  

1. Бо зан хушмуомила будан ва дағалӣ накардан.

2. Агар зан аз рӯи нодонӣ ё камтаҷрибагӣ хатое содир кунад, онро бахшидан. Барои ислоҳи камбудӣ ба зан бо хубӣ бифаҳмонад, то дар оянда онро такрор нанамояд. Беҳуда барои як камбудӣ хашму ғазаб накунад.

3. Дар ғайрат эътидол намояд. Ин ба он маъност, ки ба зан беҳуда рашку бадгумонӣ накунад. Инчунин нисбат ба зан ғофил намонад, то ӯ бо мардони бегона робита накунад.

4. Дар нафақаи зан миёнарав бошад. Беш аз ҳад тангӣ накунад ва ба исрофкории зиёд низ роҳ надиҳад.

5. Аҳкоми ҳайзу нифосро ёд гирифта, ба зан ёд диҳад. Ӯро ба намоз амр намояд ва аз амалҳои ҳарому макрӯҳ ва бидъат манъ кунад.

6. Ба қадри зарурат бо зан ҳамхобагӣ кунад, яъне, дурудароз аз зан канораҷӯӣ ва дурӣ нанамояд.

7. Бе зарурат занро талоқ надиҳад.

8. Занро бо сарпаноҳ (хона, манзил) таъмин намояд.

9. Ба зан иҷозати мулоқот бо маҳрамҳояш (падар, модар, амак, тағо, ҷиян) диҳад.

10. Суханони маҳрамонаи ба ҳамсараш мегуфтагиро ба дигарон нагӯяд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД