Formula novemver 2024
ЧОРВО ТАЛАФ ЁФТ, ЗАРАРАШРО КӢ МЕДИҲАД?
1715

Дар пайи боридани барфу омадани хунукии беназир зиёда аз 220 чорвои сокинони ноҳияи Ванҷи ВМКБ фавтиду ба соҳибони говҳо хисороти зиёд овард.

Дониш Идрисов, раиси ҷамоати Ровани ноҳияи Ванҷ дар суҳбат бо мухбири сомона гуфт, ки борони зиёди рӯзи 28 июн оғозшуда, рӯзҳои 29 ва 30 июн ба барф табдил ёфт. Ҳарорати ҳаво бошад таҳти сифр рафт. “Ин барои мардуми ҷамоат, ки ҳар тобистон чорвои худро ба чарогоҳҳо мебаранд, ғайриинтизор буд. Вақте дар чарогоҳҳо барф борид, аксарият натавонистанд сари вақт чорвои худро ба деҳа баргардонанд. Дар хунукиҳои куҳҳои баланд чорво вафот кард”, - гуфт Дониш Идрисов.

Ба гуфти раис ҷамоати деҳоти Рован бо ҳудуди 5600 сокин дар қисмати баландтарини ноҳияи Ванҷ ва поёни пиряхи маъруфи Федченко ҷойгир буда, аз 13 деҳа - Ширговад, Ғиҷоваст, Поймазор, Мудехарв, Вишхарвак, Старғ, Ғӯмас, Мурғутга, Рованд, Гармчашма, Ван-Ван, Сунгад ва Дуршер иборат аст.

Сокинони ҷамоат мегӯянд, ки дар айни гармии тобистон ба барф табдил ёфтани борон ва пеш омадани чунин як хункӣ аслан тасаввур намешуд.

Ба ҳисоби онҳо, дар пайи ин ҳодиса беш аз 180 чорвои хурди мардум ҳарому ҳалол мурда, 6 сар аз ин шуммора гум шудааст. “Фақат дар деҳаи мо 100 сар моли майда – бузу гӯсфанд ва як сар гов ҳаром шуд. 9 сар гӯсфандро ҳам шахсан ҳалол кардам. Ба ҳамин қадараш зӯрам расид. 4 сар моли майда низ гум шудааст, ки то ҳол даракашро наёфтаем. Эҳтимолан онҳоро гургҳо бурда бошанд”, - гуфт Муҳаммад Латифов, сокини ҷамоати мазкур.

Бино ба маълумоти сокинони ҷамоат деҳаи Ванван дуюмин деҳаест, ки зарари зиёдтар дидааст. Дар ин деҳа 44 сар бузу гӯсфанд (30 сар ҳарому 14 сар ҳалол) мурдаанд. Ба ҳамин монанд дар деҳаи Вишхарвак - 10 (6 сар ҳаром, 4 сар ҳалол), Рован - 9 (5 – 4), Дуршер - 7 (5 – 2), Шрговад - 5 (2 – 3), Поймазор - 15 (7-8) ва Гармчашма - 14 (8-6 ) сар чорвои сокинон аз даст рафтааст.

“Дар дигар деҳаҳои ҷамоат чунин талафот иттифоқ наафтод, зеро дуртар аз пирях буданд ва ҳам вазъи моро дида, зуд даст ба кор шуданду моли худро ба деҳаҳо фароварданд. Агар чунин намекарданд, онҳо ҳам хисороти зиёд медиданд”, - гуфт Дилшод Қурбоншоев, сокини деҳаи Чхох.

“Имсол аз пиряхҳо об кам меомад ва мо бояд пешбинӣ мекардем, ки эҳтимоли сард шудани ҳаво вуҷуд дорад. Дуюм, чорвои хурд, бахусус буз, бо вуҷуди фарбеҳӣ ба сардии таҳти сифр тобовар нест. Аз ин хотир, шолаҳо (маконҳои нигаҳдории шабонаи чорво) бояд дар ҷойҳои гарм интихоб шавад”, - гуфт Масъуд Ёров, як сокини дигари ин ҷамоат.

Дониш Идрисов, раиси ҷамоати Рован, мегӯяд, ҳамон шабу рӯз мустақим бо раисони деҳаҳо дар тамос буд ва ба ин натиҷа расид, ки як далели пеш омадани чунин хисорот бетаҷрибагии даҳмардаҳои ҷавон аст.

“Масалан, ширкати “Хрустал” 60 сар мол дорад. Подабонаш ҳамон шаби сардӣ дар чор тарафи шола оташ афрӯхта, то саҳар нагузоштааст, ки пода хоб равад, ҳаракат кунад, то намурад. Дар деҳаи Вишхарвак як подабони 60 – сола низ то рӯз нахобида, ин корро кардааст. Аммо подабонҳои дигар деҳаҳо рамаро дар як шолаи танг нигаҳ дошта, коре накарданд ва ин қадар талафот шуд. Ҳадди ақал бояд интернетро медиданд, ки 95% обу ҳаворо дуруст пешгӯӣ мекунад”, - гуфт раиси ҷамоати Рован.

Мавсуф гуфт, ки ҳар касе моли худро суғурта кардааст, аз тарафи мақомот кӯмак мегирад. Дар акси ҳол, пардохти маблағи ин қадар зарар дар гардани мақомот нест. Ба маълумоти сокинони Ванҷ, дар ҳоли ҳозир як сар буз ё гӯсфанд дар бозорҳои минтақа вобаста ба вазну ҳол аз 800 то 2 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД