Чормағз барои саломатӣ ва зебоии инсон хеле зарур аст. Ҳар рӯз як каф чормағз хӯред, саломатиятон беҳтар мешавад.
Чормағз ба майнаи сар монанд аст. Дар таркиби он селен — минерали барои организми мо зарурӣ мавҷуд буда, барои нафароне, ки аз рехтани мӯй ва кал шудан азият мекашанд, фоидаовар аст. Истеъмоли ҳаррӯзаи чормағз ҳуҷайраҳои майнаи сарро аз пиршавӣ муҳофизат мекунад. Агар шумо вазн партофтан хоҳед, чипсҳои равғанинро бо чормағз иваз кунед.
Чормағз манбаи моддаҳои зиёде мебошад, ки организм ба он ниёз дорад, вале агар шумо экзема ва захм (язва) дошта бошед, дар истеъмоли чормағз эҳтиёт шавед. Илова бар ин, чормағз манбаи кислотаи фолий ва калсий мебошад. Коршиносон мегӯянд, ки агар шумо дар як рӯз 2 дона чормағз бихӯред, хотираи шумо ба таври назаррас беҳтар мешавад. Истеъмоли 4 дона чормағз ба организм қувват мебахшад, иммунитет баланд ва кори ҳуҷайраҳо беҳтар мегардад.