Sebiston new 2024 october
Чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон
865

Шоми имрӯз, соати 18:00, дар саҳни Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон консерт баргузор мегардад.

Дар ин консерт сарояндаҳои маъруфи кишвар Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Мубориз Усмонов, Ҷонибек Муродов, Гуласал Пӯлодова, Шодмон Сулаймонӣ, Анвар Ахмедов, Ғуломҷон Мирдадоев ва дигарон иштирок карда, бо сурудҳои ҷаззоби худ ҷавонони суғдиро табрик менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба ин санна дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст. Аз ҷумла, шоми имрӯз, соати 18:00, дар Майдони 800 – солагии Москва, воқеъ дар назди бинои Театри давлатии акаедмии опера ва балети ба номи С. Айнӣ консертии идона баргузор мегардад.

Дар консерт сарояндагони шинохта Сиддиқ Шубоб, DJ Макарела, Нигора Холова, Валиҷон Азизов, Чоршанбе Аловатов, Суруш Холов, Хайриддини Шариф, Дилшоди Файзулло, Амирҷон Рӯзиев, Ҷаннатулло Абдуллоев, Ҷовидон Нозимов, Соро Аҳмадӣ, Мастер Исмайл, гулдухтарони Ансамбли рақсии “Лола” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ансамбли рақсии “Баҳор” Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ менамоянд.

Соати 18:00-и ҳамиин рӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат низ консерти идона бо ширкати сарояндаи маъруфи тоҷику узбек Юлдуз Усмонова баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД