Дар мамлакати Сомалӣ анъанае ҳаст (дар бештаре аз қабилаҳо), ки ҷавонписар бояд дар синни 17 ё 18- солагӣ издивоҷ намояд, агар ҷавонписар ба бист дарояд ва зан надошта бошад, ашрофзодаҳои қабила ба он оила дахолат мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо, ин ҳолат қабиларо дар назди қабилаҳои дигар шарманда месозад ва ҳарфҳои бад мегӯянд.
Ҷавони Сомалӣ дар интихоби ҳамсари аввал озод аст, ҳеҷ кас ба ин интихоб халал намерасонад.
Пас аз таваллуди тифли якум, модари ҷавон барои ӯ зани дуюмро интихобмекунад. Тибқи расму оини Сомалӣ вакте ки мард 30-сола мешавад, бояд зани сеюм гирад ва зодрӯзи худро бо зани сеюмаш ҷашн бигирад.
Мардони сомалпеш аз 40 солагӣ ҳатман бояд зани чорум бигиранд. Марди сомалие, ки синну солаш аз 40 гузаштаасту чор зан надорад, шармандаву рӯсиёҳ ҳисоб мешавад ва мардум аз вай рӯй мегардонанд.