Ҳар рӯзи дар саҳифаҳои интернетӣ хабари садамаи нақлиётӣ ва талафоти ҷонии дар он баамаломада нашр мешавад. Шояд он хабарҳо хонандагонро дилбазан карда бошанд?
Ё чунин фикр кунанд, ки хабари садама барои кӣ аҷиб аст? Вале гуфтан ба маврид аст, ки он иттилои дар бораи “авария”-и фалокатбор чопшуда ба он хотир пешниҳоди омма мегардад, то барои дигарон ҳушдор шавад. Вале, мутаассифона, на пиёдагарду на ронанда парвои бехатарӣ доранду на фикри тақдири дигаронро мекунанд.
Аз ҷумла, худи дирӯз 4 садамаи маргбор рух дада, дар он зиёда аз чор нафар ба ҳалокат расиданд, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохила.
Рӯзи гузашта дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҷасади беҷон ва титу парешоншудаи Одинаев Носирҷон Кенҷаевич дар роҳи мошингарди Восеъ-Фархор ёфт гардид. Ҷасади марҳум дар ҳолати даҳшатбор дар рӯйи замин хобида буд. Шикамаш кафида, ҳамаи узвҳои дарунааш ба берун баромадаанд. Инчунин, устухони сари Носирҷон майда-майда шуда, устухони пойи рост шикаставу аз баданаш ҷудо шудааст.
Баъда аз санҷиши ҳодиса, кормандони ВКД ронандаеро, ки Одинаевро бераҳмона зер карда буд, ёфтанд. Он кас Худанов Мавлудбек Шоймирович сокини ноҳияи Фархор будааст. Ӯ ҳамагӣ 28-сол дошта, шаби 18-август ҳангоми ҳаракт бо самти Фархор-Ваҳдат дар роҳи мошингарди Восеъ-Фархор бо автомобилаш тамғаи “ДАФ” Одинаер Носирҷонро дар канори деҳаи Даштигуло пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, худи ҳамон рӯз Эшонқулов Иброҳим Қрбонмаҳмадовичи 23-сола бо сабукрави тамғааш “Мерседес-Бенс” ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Насафӣ ба ҷониби шаҳри Ҳисор дучархарон Ҳомидов Муҳаммадшоҳ Рустамовичи 48-соларо зер кард, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон ба ҳақ супурдааст.
Муҳтоҷов Мусалам Мукарабовичи 63 сола дар 147-ум километри роҳиавтомобиилгарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ машғули дучархаронӣ буд, ки баногоҳ автомобили тамғаи “Мерседес-Бенс” ӯро зер намуд. Мусалам аз зарби сахти автомобил Мусаллам ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳарчанд барои ҷонаш мубориза мебурд, вале бенатиҷа. Ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Сари чамбараки сабукрав Зарифов Саймиддин Саймуродович қарор дошт. Ӯ аз самти ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба самти ноҳияи Ҷайҳун ҳаракат дошт. Саймиддини 39-сола тахминан соати 11:30 аз ӯҳда идораи нақлиёт набаромада, дучархасавори дар боло зикргардидаро бо автомобилаш зер кард, шарҳ медиҳад манобеъ.
Ниҳоят садамаи чаҳорум дар таърихи 18-август тахминан соати 14:30 дақиқа дар 54-ум километри роҳи автомобилгарди ноҳияи Варзоб сурат гирифтааст.
Автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ба дарёи Варзоб чаппа гардида, ронанда ва мусофири дохили автомобилбуда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Автомобили мазкур аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе ҳаркат доштааст.
Шахсияти ронанда номаълум буда, мусофир Ҳамдамов Файзалӣ Файзуллоевич зикр гардида, соли таваллудаш 1996 гуфта шудааст. “Ҳамдамов Файзалӣ Файзуллоевич сокини ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ будааст. Дар натиҷаи садама ӯ ҷароҳатҳои гуногунӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”-хабар медиҳад Вазорати умури дохила.
Гуфта мешавад, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.