Commerce bank may-june 2026
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 7)
02.06.2026
Oila.tj
362

Барояш мушкил буд, вале ба хотири он, ки ақаллан номи дӯстдоштаи Гулнозро пайдо кунад, ба хондани саҳифаҳои дигари дафтари хотирот идома дод.

«Он лаҳзаҳои бо ту буданро ҳеҷ гоҳ намешавад аз хотир бурд. Охир, чӣ тавр метавонам аз хотир барам лаҳзаҳои беҳтарину ширинтарини ҳаётамро? Ҳоло ягона чизе, ки маро зиндаву шод медорад, ёди он лаҳзаҳоянд, ки бо Ҷовид сипарӣ намудаам. Агар аз он лаҳзаҳо лаҳзаякеро фаромӯш кунам, пас дигар зинда нестам. Ӯ аз ман пурсид, ки «оё Ҷовидро боре дар хоб дидаӣ?». Намедонистам ба ин савол чӣ ҷавоб диҳам, чунки дигар хобу руъёям ҳамааш Ҷовид асту фарқ намекунам, ки дар хоб мебинам ӯро, ё дар бедорӣ пеши назарам аст. Оре, ҳама руъёям, ҳама ҳастиям, ҳар нафасам пайванд бо Ҷовид аст, зеро ӯ азизтарин ва меҳрубонтарин шарики қалби ман аст.

Аҷабо, аммо Ҷовиди ман ин ҳамаро эҳсос намекунад ва аз ман мепурсад: «Оё ту хушбахтӣ?». Агарчи дил мегӯяд, ки ҳаргиз бе ӯ хушбахт нахоҳам буд, боз ҳам бо забон посух мегӯям:

- Агар Ҷовид хушбахт аст, пас Гулноз ҳам хушбахт хоҳад буд. Зеро хушбахтии Ҷовид хушбахтии Гулноз аст».

- Ҷовид, Ҷовид... Чӣ номи шиносе,- гӯён, падари Гулноз ба замин афтод ва аз ҳуш рафт…

Адҳам пеш аз муфаттиш ба хонаи падари Гулноз баргашт. Дарвозаро кушода, вориди ҳавлӣ шуд ва аз хоҳари Гулноз пурсид:

- Шабнам, падарат дар куҷоянд?

- Дар хуҷраи хоби Гулнозанд. Марҳамат, дароед,- гуфт ӯ.

Адҳам пеш-пешу Шабнам аз паси ӯ ҳар ду ба хона даромада, дари хуҷраи Гулнозро кушоданӣ шуданд. Дар маҳкам буд.

Шабнам гуфт:

- Падарам бояд дар дохил бошанд.

Кӯфтан ва «дарро кушоед» гуфтанҳо фоидае надошт. Аз дарун садое намеомад.

Шабнам гуфт:

- Ман худам дидам, ки чӣ гуна баъди рафтани шумо падарам ба ин ҳуҷра даромаданд. Метарсам, ки бо он кас чизе шуда бошад.

Адҳам пурсид:

- Калиди иловагӣ доред?

Шабнам «бале» гӯён, давон-давон рафта калиди дигаре овард. Адҳам бо он калид дарро кушоданӣ шуд, вале натавонист. Маълум буд, ки дар аз дарун маҳкам карда шудааст. Он гоҳ Адҳам ба муфаттиш занг зада, аз натиҷаи кор ӯро хабар дод.

Муфаттиш гуфт:

- Фавран дарро шикаста, дароед. Метарсам, ки фоиҷиае рух надода бошад. Ман ҳозир мерасам.

Адҳам бо мушкилӣ дарро шикаста, ҳамроҳи Шабнам ба хона даромад. Падари Гулноз рӯйи фарш сарфурӯ мехобид. Адҳам зуд ӯро рӯйболо кард. Маълум шуд, ки ӯ зинда аст ва нафас мекашад.

Шабнам «дадаҷонам, вой дадаҷонам» гӯён, фиғон бардошт. Ӯ гумон кард, ки падараш вафот кардааст.

Адҳам ӯро ором карда, гуфт:

- Ором бош, Шабнам, ӯ зинда аст. Ба фикрам, ё инфаркт шудааст ва ё инсулт. Ҳамсояро фарёд кун. Зуд ӯро ба шифохона мебарем.

Адҳам Шабнамро берун фиристода, беморро бардошту болои кат монд ва ба рӯяш об зад. Вале маълум буд, ки ҳатто оби сард ба ӯ таъсир намекунад. Ба назар чунин мерасид, ки дасту пояш карахт шудаанд. Бемор танҳо чашм мекушоду халос.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД