Саволҳои ниҳоят зиёд ба миён омаданд, ки ҷавоб ёфтан ба онҳо натанҳо барои волидайни арӯсу домод, балки ҳатто барои муфаттишон душвор буд.
- Қотил чӣ гуна ба хона даромад? Чӣ гуна ӯ арӯсро бо чунин бераҳмӣ ба қатл расонду янгааш ҳатто аз хоб бедор нашуд? Чӣ гуна арӯсро бӯғӣ кард, ки ҳатто вай фурсати муқобилият нишон додан наёфт? Чаро қотил янгаи арӯсро чун шоҳид аз миён набардошт? Ё шояд дар ин куштор худи янга ҳам даст дорад?
Муфаттиш ба атрофиён гуфт:
- Ба фикрам, вақте қотил вориди хона шуд, арӯсу янга ҳар ду хоб буданд. Қотил бо як дасташ болинро гирифта, даҳону бинии арӯсро пахш карда, ба хотири набаровардани овоз бо тамоми қувва бӯғӣ кард ва бо дасти дигар теғро ба шиками ӯ халонду то аз ҳаракат мондан дасту пояшро маҳкам дошт. Чун арӯс аз ҳаракат бозмонд ва қотил бовар пайдо кард, ки дигар ӯ зинда нест, оҳиста аз тиреза баромада рафт. Қотил барои он янгаро чун шоҳид ба қатл нарасонд, ки вай хоб буду чизеро надид.
Вале саволи аз ҳама мушкил ва беҷавоби дигар он буд, ки кӣ ва барои чӣ арӯсро кушт? Кӣ марги ӯро мехост ё кӣ намехост, ки Адҳаму Гулноз хонадор шаванд? Шояд касе Гулнозро дӯст медошту бо ӯ хонадор шуданӣ буд, вале ҷавоби рад гирифт? Ба ин савол ғайри Гулноз дигар касе посух гуфта наметавонист…
Муфаттишонро зарур буд ҳама қуввату имкониятро истифода бурда, қариб тамоми маҳалла, ёру дӯстон ва дугонаҳои Гулнозро мавриди бозпурсӣ қарор диҳанд.
Аз пурсиш ва омӯзиши изи панҷаҳо самаре ба даст наомад. Бархе мегуфтанд, ки шояд қотил рӯзона ба хона даромада, дар гӯшае пинҳон шуда, омадани арӯсро интизор истода бошад. Чун ҳама рафтанд ва янга низ хобид, ӯ нияти нопоки худро амалӣ кард. Вале таҳлил ин тахминро ба зудӣ рад намуд. Ба ҳеҷ ваҷҳ қотил пеш аз овардани арӯс вориди хона шуда наметавонист. Бегоҳ баъди ба хона даровардани арӯс хешу табори ӯ ҳама тахмонҳоро холӣ карда, кӯрпаву болишҳои арӯсиро ҷой карда, бо пардаву ҷиҳози овардаи арӯс хонаро оро дода буданд. Аз ин рӯ, ҳама гумону тахмин вобаста ба рӯзона ба хона ворид шудани қотил ва тайёрӣ дидани ӯ барои куштор ботил баромад.
Қотил танҳо вақте вориди хонаи арӯс шуда метавонист, ки ҳама хешу табор берун баромада, арӯсу янгааш ба хоб рафта бошанд.
Муфаттиш худ ба худ мегуфт:
- Бе иштироки янгаи арӯс ба анҷом расонидани чунин куштор амри маҳол аст. Шояд ӯ дар ин кор даст дошта бошад. Вале барои ба ин амал шарик шудан янгаро сабаби ҷиддие буданаш лозим.
Омӯзиш ва пурсишҳо нишон доданд, ки чунин сабаб, ё ба қавли тафтишот, «мотив» дар кори янга дида намешавад. Аз нақли шоҳидон маълум, ки Гулноз шахси хеле наздик ва ҳамрозу ҳамдили янга буд.
Пурсиши якмоҳа ва ҷустуҷӯи оперативӣ ягон натиҷа надод. Тамоми мардони маҳалларо ба ШКД даъват карда, мавриди пурсиш қарор доданд ва нақши дастони ҳамаро гирифтанд. Аксари занҳоро низ дар бинои мактаб ҷамъ карда, пурсуҷӯ намуданд. Аммо ҳамоно қотил пайдо ва нӯги ришта кушода нашуд. Аз миёни ҳамсинфон, дӯстон, дугонаҳо ва ҳаммаҳаллаҳо гумонбаре пайдо нагашт. Хешу табори арӯс ва хешу табори домод аз касе гумонбар набуданд. Аз ин рӯ, наметавонистанд ҳатто нисбати ягон нафар шубҳа дошта бошанд. Қотил метавонист ё дӯстдоштаи духтар бошад, ё душмани домод.
(Давом дорад)
Соли 2008