Commerce bank may-june 2026
Чодари хунини гуларӯс (ҚИСМИ 13)
08.06.2026
Oila.tj
454

Онҳо ҳанӯз аз мошин нафаромада, дар назди бинои прокуратура Адҳамро диданд, ки аз он ҷо берун меомад. Маълум буд, ки муфаттишон ё натавонистаанд аз ӯ маълумоте бигиранд ва ё бо дахолати тағои мансабдораш ӯро ҷавоб додаанд.

Ҷовид гуфт:

- Каме сабр мекунем, то Адҳам ба ин ҷо омадани маро набинад.

Баъд аз дур шудани Адҳам Ҷовид, Шаҳбоз ва Фарзона ба ҳуҷраи муфаттиш дароманд. Ҷовид худро муаррифӣ намуда, мактубро ба муфаттиш дод ва ҳар чӣ ба Шаҳбоз гуфта буд, ба муфаттиш ҳам нақл карда, пасон афзуд:

- Метарсам, ки тафтишот ба анҷом нарасида, Адҳам сари маро ҳам мегирад. Бинобар ин шумо бояд нахуст амнияти маро таъмин кунед.

Муфаттиш фавран ба қарори қатъӣ омад ва Адҳамро бо дастони баста аз нав ба боздоштгоҳ ҳозир намуда, аз болояш парвандаи ҷиноятӣ боз карданд ва ба хотири таъмини амнияти Ҷовид ӯро ҳам дар ҳуҷраи алоҳидаи боздоштгоҳи муваққатӣ ба ҳабс гирифтанд.

Зимни пурсиши нахустин Адҳам ҳама гуноҳро инкор карда, гуфт:

- Ман Гулнозро дӯст медоштам ва таҳдидҳоям ба он хотир буданд, ки бо ман оиладор шавад. Ӯ таклифи маро қабул кард ва бо ман оиладор шуд. Ман барои тӯй ин қадар хароҷот кардам ва ӯро расман ба никоҳи худ даровардам. Пас, чаро ман ӯро кушам? Дигар барои куштани Гулноз ҳеҷ сабабе боқӣ намонд. Қотилро миёни ошиқони ӯ ҷӯед. Ин корро бояд касе карда бошад, ки издивоҷи моро намехост ва душмани ҷонии хонадони мост. Ман аз оилаи обрӯмандам, ин амалро ҳатман барои бадном кардани мо анҷом додаанд ва шояд қотил худи Ҷовид бошад. Нақши дастони маро гирифтед ва дар корде, ки тариқи он куштор ба амал омад, нақши панҷаҳои ман нест. Зуд маро озод кунед, ки ҳамаатонро ба суд мекашам ва шумо барои ин туҳмат ва ғайриқонунӣ боздошт намуданам ҷавоб медиҳед.

Адҳам чунон қотеона сухан мегуфт ва таҳдид мекард, ки далеле барои қотил будани ӯ пайдо намудан душвор буд. Ин аст, ки муфаттиш ба пурсиш хотима дода, ӯро ба пушти панҷара бурд ва вобаста ба нишондоди Ҷовид ҳар чор нафареро, ки ҳамеша чун муҳофизони Адҳам фаъолият мекарданду аз хати кашидааш берун намебаромаданд, ба прокуратура ҳозир намуд. Зимни гирифтани нақши панҷаҳои як нафари онҳо бо номи Далер натиҷаи нахустин ба даст омад. Соҳиби нақши панҷаҳои дар корд нақшбаста Далер буд.

Ифшои нақши дастони Далер дар теғ шубҳаи муфаттишонро боз ҳам нисбат ба Адҳам бештар кард. Ин ҷо муаммои нав пайдо шуд. Зеро агарчи дар теғ нақши дастони Далер ҷой доштанд, ӯ қотил буда наметавонист. Чунки ӯ ду рӯз пеш аз тӯй тариқи ҳавопаймо ба Санкт-Петербург парвоз карда, танҳо баъди ду ҳафтаи марги Гулноз баргашта буд. Ба қавли муфаттиш, ӯ «алиби» дошт ва маҳз бо ҳамин сабаб мавриди гумон қарор нагирифт ва ягон маротиба ҳатто чун шоҳид пурсида нашуд.

Муфатиш теғро ба Далер нишон дода, гуфт:

- Маълум, ки ту қотил нестӣ ва ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин куштор даст дошта наметавонӣ. Ба ин теғ бо диққат назар кун. Ту инро дар ягон ҷо дида будӣ ё аз он истифода бурдаӣ?

Далер хеле ба теғ назар карда, гуфт:

- Пеш аз сафар Адҳам маро ба хонааш даъват карда буд. Мо чун дӯст хеле нишастем. Ӯ гӯшт оварду ман бо ин корд порааш карда будам.

- Баъд аз ту он рӯз боз ягон нафари дигар ба ин корд даст расонида буд?

- То лаҳзае, ки мо дар он ҷо нишастем, касе ҳатто дастархонро ҷамъ накард ва ҷуз соҳибхонаҳо каси дигаре набуд.

- Дар назди ту ду роҳ аст,- гуфт муфаттиш.- Ту бояд якеро интихоб кунӣ. Роҳи якум, чун дар корд нақши панҷаҳои ту ҷой дорад, метавонӣ гуноҳро ба гардан гирифта, рафиқатро озод куниву худ ба ҷойи ӯ ба маҳбас равӣ. Роҳи дувум он аст, ки қотили ҳақиқиро ба мо месупориву худ озод мешавӣ. Интихоб аз туст.

Далер гуфт:

- Чун ҳангоми куштор дар Тоҷикистон қарор надоштам, на худ гунаҳкорам ва на касеро дар ин куштор гумонбар медонам. Вале як чиз маро ҳанӯз ба ҳайрат мегузорад. Он рӯз вақте кордро ба рӯйи дастархон гузоштам, Адҳам на аз дастааш, балки аз нӯги тезаш дошта, онро ба як гӯшаи дастархон монда буд. Шояд Адҳам ягон нақша дошту ман намедонистам?

Муфаттиш гуфт:

- Дигар заррае шубҳа нест. Қотил бояд Адҳам бошад.

(Давом дорад)

Соли 2008

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД