Адҳам аз дасти арӯсаш гирифта, оҳиста-оҳиста аз хонаи ақди никоҳ берун шуд. Аз садои мусиқиву қарсакзанӣ ва муборакгӯиву гулпартоии атрофиён ба ваҷд омада, ба сурудхонӣ даромад ва арӯсро низ ба рақс даъват намуд.
Дар як лаҳза саҳнаи назди шуъбаи ақди никоҳ ба майдони базму тараб табдил ёфт. Вале новобаста ба ин ҳама базму сурудхонӣ ва садои карнаю сурнай, арӯси зебои Адҳам, ки Гулноз ном дошт, хеле боэҳтиёт қадам мемонд. Гӯиё аз чизе метарсид. Агарчи рӯйи замини ҳамвор қадам мезад, аз роҳравии ӯ эҳсос мешуд, ки дар роҳи пуршебу фарозе қарор дораду худро бо душворӣ идора мекунад ва ҳар замон метавонад мувозинатро гум намуда, ба замин афтад. Ӯ саъй меварзид, ки табассум кунад, баробари дигарон хандад, вале хандаҳояш сохта буданд ва «табассумаш лабонашро оро намедоданд». Зоҳиран табассум мекард, вале фикраш парешон буд.
Ниҳоят арӯсу домод ба мошин савор шуданду роҳи тарабхонаро пеш гирифтанд. Дар тарабхона низ эҳсос мешуд, ки Гулноз ором нест. Ба пурсишҳо сар меҷунбонд, аммо посухе намедод. Ё танҳо баъд аз чанд маротиба такрор ба такрор пурсидан ҷавоби кӯтоҳе медоду халос. Аз ин рафтори Гулноз Адҳам хавотир шуда, онро аз ҳаяҷони арӯсӣ дониста, кӯшиш мекард, ки бо ханда ва шӯхӣ табъи ӯро болида созад, вале ҳама кӯшишҳояш бефоида анҷом меёфтанд.
Тӯй бо ҳама шукӯҳу шаҳоматаш гузашт. Арӯсу домодро ба мошин савор карда, ба хона оварданду дар назди дарвоза гирди гулхан гардонида, Гулнозро ба хонаи арӯсӣ дароварданду домодро бо ҷӯраҳояш ба хонаи дигар. Тибқи расму русуми маҳаллии онҳо, домод бояд се рӯзи аввал ба назди арӯс намедаромад ва ҳамхобагӣ сурат намегирифт. Адҳам инро намехост ва ноилоҷ розӣ шуд, ки ақаллан шаби нахустин, ки ҳама хешу ақрабои арӯс дар хона қарор доранд, ин оинро риоя кунад.
Ӯ бо ёру ҷӯраҳояш базмро идома дода, ба нӯшонӯшӣ машғул шуд.
Меҳмононро ба хонаҳо тақсим намуданд. Гулноз ва янгааш дар хонаи арӯсӣ хоб карданд. Нисфи шаб буд. Ҳама дар хоби ноз. Танҳо соҳиби хона Мирзораҳим гоҳ-гоҳ берун баромада, атрофро назорат мекард ва ба меҳмононе, ки шаб берун мебаромаданд, кумак менамуд.
Ӯ атрофро назорат карда, нав ба хона даромада буд, ки ногоҳ фиғони зане баланд шуда, атрофро ба ларза овард. Мирзораҳим давон-давон берун баромад. Нолаву афғон аз хонаи арӯс ба гӯш мерасид. Ӯ ба он сӯ давид. Садои янгаи арӯс шунида мешуд:
- Гулноз худро куштааст, Гулноз ба шиками худ корд задааст. Ӯро наҷот диҳед! Ӯро наҷот диҳед!
Гулноз дар пироҳани арӯсӣ оғӯштаи хун мехобид. Чодари сафеди арӯсӣ низ оғӯштаи хун шуда буд.
Мирзораҳим зуд ба хона даромада, хост Гулнозро бардошта, ба сӯйи мошин барад, вале дарёфт, ки дигар гуларӯси хонадон ба кумаки касе ниёз надорад. Зеро аллакай мурда буд.
Аз доду фарёди янгаи арӯс тамоми мардуми гирду атроф бедор шуда, ба сӯйи хонаи Мирзораҳим шитофтанд. Адҳам, ки худ корманди милиса буд, ҳамаро аз назди ҷасад дур карда, гуфт:
- Шояд имрӯзу пагоҳ дар атрофи марги ӯ овозаҳои зиёде паҳн шаванд. Аз ин сабаб моро зарур аст, ки ба мақомот хабар диҳем, ташхис гузаронем ва сабаби марги ӯро муайян кунем. Он гоҳ ҳама чиз ошкор мешавад.
Сипас ба ҳамкоронаш занг зад ва гурӯҳи махсусро даъват кард.
Воқеан ҳам дар як дам миёни мардум гапу калоча паҳн шуд. Яке мегуфт:
- Гулноз нодухтар будааст, ба ҳамин хотир худро куштааст.
Дигаре мегуфт, ки ин никоҳи маҷбурӣ буд ва ин аст, ки Гулноз нахост бо Адҳам зиндагӣ кунад. Аз зиндагӣ бо ӯ мурданро авлотар донист.
Кампире ба ҳамсуҳбаташ мегуфт:
- Ман вақти омаданаш диққат кардам, ки шиками арӯс калон буд. Ба назарам ҳомила буд. Шояд аз шармандагӣ тарсид ва худро ба қатл расонд?
Ҳамсуҳбаташ мегуфт:
- Худ аз шармандагӣ гурехт, вале падару модар ва аҳли оилаашро шарманда кард-ку! Худро куштанӣ будааст, чаро дар хонаи падараш накушт? Баъд аз ин қадар хароҷоту тӯю шодӣ магар хуб аст, ки хонаи соҳибтӯйро ба мотамхона табдил диҳад?
Ба баҳс нафари дигаре ҳамроҳ шуд:
- Волидайнаш одамони обрӯманди маҳалла мебошанд. Ҳама аз аҳли тақво. Хурду калон панҷ вақт намоз мехонданд ва асло ба роҳи хато нарафтаанд. Духтар ҳам намозхон ва орому ботамкин буд. Ӯ чаро ба чунин кор даст зада бошад?
(Давом дорад)
Соли 2008