goodwell
“Чодари хаёл” - ҷашнвораи театрҳои лӯхтак дар Душанбе
23.10.2026
Oila.tj
99

Дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе санаи 21-уми октябр ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак бо номи “Чодари хаёл” оғоз ёфт, ки то 26-уми октябр идома хоҳад кард.

Дар ҷашнвора театрҳои лӯхтаки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат варзида, намоишномаҳои афсонавии худро ба тамошобинони наврас пешкаш менамоянд. Аз ҷумла, 22-юми октябр, соати 14:00 Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Бӯстон намоишномаи “Шоҳзодаи ҷодушуда"-ро манзури тамошобинони хурдсол намуд.

Пагоҳ, 23-юми октябр, соати 10:00 хурдтаракон намоишномаи “Қиссаҳои қадим”-и Театри давлатии лӯхтаки Туркманистонро тамошо карда, ҳамчунин соати 14:00 намоишномаи театри лухтаки шаҳри Бохтар бо номи “Алиҷон ва хирс” пешкаши тамошобинони наврас гардонида шуд.

Рӯзи 24-уми октябр, соатҳои 10:00 ва 14:00 намоишномаи театри лӯхтаки Қазоқистон “Пӯст ва варзиш” намоиш дода мешавад.

Рӯзи 25-уми октябр хурдтаракон метавонанд намоишномаи “Тойча”-и Театри вилоятии Фарғонаро тамошо кунанд.

Рӯзи 26-уми октябр, соати 11:00 Театри давлатии лӯхтаки Душанбе намоишномаи “Достони Рустам”-ро аз рӯйи “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ба тамошобинони наврас пешкаш месозад.

Тамошои намоишномаҳо ройгон аст.

Ёдрас мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии “Чодари хаёл” дар ду сол як маротиба баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД