arzon replenishment
Чизкейк бо лимӯ
719

 

Маҳсулоти лозима:

Печене – 400 грамм

Равғани маска – 150 грамм

Панири дилмашуда – 800 грамм

Қаймоқ – 200 грамм

Ширқиём – 250 грамм

шоколади сафед – 250 грамм

Барои ороиш:

Тухм – 2 дона

Шакар – 100 грамм

Шарбати лимӯ – 40 грамм

Равғани маска – 30 грамм

Крахмал – 1,5 қошуқча

Тарзи таҳия:

Аввал печенҳоро дар блендер майда мекунем ва ба дарунаш равғани маска илова карда, омехта менамоем.

Ба қолаб равған молида, қоғази пергамент тунук мекунем ва печенҳои майдашударо дар он гирифта, ба ҳама тарафи қолаб паҳн мекунем. Зар зарфи дигар барои ороиш панири дилмашуда, қаймоқ ва ширқиёмро бо миксер лат мезанем, баъдан шоколади сафедро об карда, ба малҳам ҳамроҳ мекунем ва бо миксер боз каме лат мезанем. Малҳамро дар қолаб ба болои печенҳо мемолем, пасон малҳами лимӯгиро омода мекунем.

Барои малҳами лимӯгӣ 2 дона зардии тухм, шакар 3 қошуқча, шарбати лимӯ 40 грамм, равғани маска 30 грамм, крахмал 1,5 қошуқчаро хуб омехта мекунем. Малҳами лимӯгиро дар халтаи кондитерӣ гирифта, ба болои малҳам мемолем. Бори дуюм малҳам мемолем ва боз малҳами лимӯро ба болояш мемолем.

Чизкейкро муддати 1 соат дар яхдон нигоҳ медорем.

Барои бизей 2 дона сафедии тухм ва шакарро бо миксер лат мезанем ва ба болои чизкейк мемолем.

Чизкейкро муддати 10 дақиқа дар тафдон мепазем ва баъдан бурида дар зарфҳо гирифта истеъмол мекунем.

Бо иштиҳо бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД