arzon replenishment
Чихел фаҳмам ки шавҳарам ба ман хиёнат мекунад
1352

 

Зане ки марди худро ба хубӣ мешиносад, ҳолати равонии ӯро зуд мефаҳмад. Ба ҳаракату рафтори мард аҳмият дода фаҳмидан мумкин аст, ки аз пештара дида шавҳар дигар хел муносибат мекардагӣ шудааст.

Зангҳои хавотиркунанда, чашмгурезониҳо...

Равоншиносонҳо якчанд нишонаи хиёнати шавҳарро гуфтаанд. Ин амалҳоро дар ҳамсар агар мушоҳида намудед, бояд остин бар занеду аз қафои шафҳари худ шаведу зиндагиятонро сару сомон диҳед

Нақшаҳояш зуд-зуд иваз мешавад

Нақшаҳояшро иваз мекунад, аммо сабабашро намегӯяд ва ҳар баҳона пеш меорад. Масалан мегӯяд, ки кори бисёр дорад ва дар корхона меистад. Албатта чунин баҳона дар моҳе ва ё ягон ҳафта як маротиба пеш ояд, ба сари швҳар доду фиғон кардан лозим нест. Локин ҳама вақт сари вақт меомаду яку як бора ҳарруз баҳонаи корро пеш орад, инро нодида гирифтан лозим нест

Муносибати шаҳвонияш дигар шудааст

Шабҳои ошиқона кам шудааст ва ё нисбати робитаатон тамоман аҳмият намедиҳад. Мисли як вазифа “галочка”-и худро мегузораду рӯяшро он тараф карда ё хоб мекунад ё телефонашро мекобад.  

Дӯустонаш бо чашми ҳайрат менигаранд

Одатан мардоне, ки ба ҳамсарашон хиёнат мекунанд, дилхушиҳояшонро бо зани дигар аз дӯстони “ҷонӣ”-ашон пинҳон намекунанд. Ва ҳар гоҳе, ки ки шуморо бо шавҳаратон якҷо бинанд бо ангушти “ҳайрат” ишора мекунанд.

Телефонашро пинҳон мекунад

Телефонашро қуфл кардааст ва ё барои гап задану ба смс-ҳояш ҷавоб додан ба ҳоҷатхона меравад. Ӯ доимо дар ҳарос аст, ки шумо телефонашро нигоҳ мекунед ва ногаҳон пайёми нохоста меояд.

Ба либосҳояш бештар аҳмият медиҳад

Вақти бештарашро дар дар ҳамомому назди оина мегузаронад. Хушбӯиҳои қиммат мехаридагӣ мешавад. Ба бадану андоми худ бештар аҳмият медиҳад ва мӯяшро ороиши махсус медиҳад.

Баҳонаҳои бардуруғ пеш меорад. Барои зодрӯзи дусташ гуфта аз хона мебарояду дар он марака умуман пайдо намешавад.  

Агар ҳамаи нишонаҳоро дар ҳамсари худ мушоҳида намудед, дарав муйҳои шавҳаратонро наканеду барои аз дигар бонувон худро зеботару меҳрубонтар намоед. Ин шуморо дар назари шавҳаратон хос мегардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД