Дар ҷомеаи имрӯз зиёд бо талбандагоне рӯ ба рӯ мешавем, ки дасти гиро, пои равон, чашми бинову гӯши шунаво доранд, аммо ба талбандагӣ рӯ овардаанд, аниқтараш одат кардаанд, вале нафароне низ ҳастанд, ки нуқсонҳои модарзодӣ дошта бошанд ҳам, бо вуҷуди маъюбиашон кӯшиш мекунанд, ки бо меҳнати ҳалоли худ як луқма нон ёфта хӯранд.
Яке аз чунин инсонҳои бо нангу номус, зани рашандил, аъзои ҷамъияти “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи милли НОБИНОЁНИ Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” Кимиёхон Тураева мебошад, ки дар шаҳри Хӯҷанд зиндагӣ мекунад.
Кимиёхон 41-сол дошта, дар бисоташ ҳамагӣ як фарзанд дорад ва духтари ягонаашро тани танҳо тарбият мекунад. Ин зани аз дидаи бино маҳрум барои ҷигарбандаш ҳам падар асту ҳам модар ва ба хотири он ки фарзандаш аз чизе танқисӣ накашад, қариб 8 сол боз дар сехи васлгарии коргоҳи Ҷамъияти нобиноёни шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ин зани рушандил ҳамагӣ дар зиндагӣ танҳо як мақсад дорад:- худро маъюб эҳсос накарда, барои духтараш намунаи ибрат будан.
Зиндагии сангин маро кӯр кард
-Пештар бино будам ва бо нӯги сӯзан пул кор зиндагии худ ва духтарамро бо нони ҳалол пеш мебурдам, аммо ҳаёти сахту сангин оқибат маро кӯр кард. Асабҳоям аз ғаму андӯҳ ва фикри бисёр хароб шуда, бар асари асабонияти шадид аввал нӯри чашмам кам, баъдтар тамоман нобино шуда мондам. Ҳоло маъюби гурӯҳи якум аз чашм ҳастам. Худовнад шояд аз рӯзи азал дар тақдирам бо чашми дил дидани зиндагиро низ навиштабудааст, ки баъди беш аз 30 соли биноӣ кӯр шудам, вале бо вуҷуди ин, кӯшиш мекунам, ки фарзандам руҳафтода нашавад ва “модари ман кур аст” гуфта, ашки талх нарезад. Мехоҳам, ки духтарам аз дугонаҳову ҳамсолонаш худро кам ҳис накунад, барои ҳамин се рӯз дар ин коргоҳ кор мекунам ва 4 рӯзи дигар дар хона бо ҳавои даст бофандагӣ карда, маблағ ба даст меорам”-қисса мекунад ин чевари нобино
Ба саволи мо оиди маош ва даромадаш апаи Кимиёхон гуфт:
-Маоши мо вобаста ба ҳаҷми кор аст, чӣ қадар, ки истеҳсолот зиёд ва бозоргир бошад, ҳамон андоза маош боло меравад.
Ҷамъияте, ки 50 нафар нобино дорад
Акрам Бобокалонов, роҳбари ҷамъияти “Маркази тавонбахшии иттиҳодияи милли НОБИНОЁНИ Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд” буда, роҳбарии 50-нафар кормандони нобиноро бар дӯш дорад. Зимни сӯҳбат Бобокалонов гуфт:
“Ман ҳамеша ба кормандонам мегӯям, ки ҳаргиз рӯ ба талбандагию тамаъҷуӣ наоранд, зеро барои инсон талбандагӣ амали пасттарин аст. Шахс хоҳ солим бошад, хоҳ имконияташ маҳдуд (ҷузъ барҷомондагӣ ва девонагӣ) бояд кӯшиш кунад, ки нонашро бо меҳнати худаш ёфта хӯрад. Меҳнати ҳалол баракати зиёд дорад. Мо, аҳли кормандон нобино бошем ҳам аз талбандагӣ ҳазар мекунем!
Маъюбон аз нафақаи каму нархи баланд меноланд
Нобиноён, чун дигар шаҳрвандони дорои имконоти маҳдуди Тоҷикистон ин шабу рӯзҳо замони душвореро паси сар мекунанд. Бемории ҳамагир ва бекорӣ вазъи иҷтимоии ононро бадтар кардааст. Аъзоёни ҷамъияти зикршуда, ки ҳафте се рӯз ба кор мебароянд, ҳамагӣ 200 сомонӣ маош мегиранд. Нафақаҳои онҳо аз рӯи маъбият муқаррар гардидааст. Дар ин замони душвори иқтисодӣ б чунин рахҳои осмонӣ пеш бурдани зиндагӣ бо чунин маблағи ночиз албатта душвор аст.
Фарзона Муродӣ