Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки Антон Павлович Чеховро аксарият аз аҳли адаб мешиносанд. Дастикам медонанд, ки ба шарофати ҳикояҳои мондагораш «классики адабиёти ҷаҳонӣ» эътироф шудаву осораш бо беш аз сад забони дунё тарҷума гардидаанд. Вале кам касоне медонанд, ки Чехов дар мактаби миёна, ба қавле, «дарди сар»-и муаллимонаш будааст.
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки аллома Чехов аз нодонӣ ду бор дар синфаш мондааст: бори аввал дар синфи 3-юм барои баҳои «2» аз фанҳои арифметикаву география ва бори дуюм дар синфи панҷ барои надонистани забони юнонӣ.
Аҷоибтар аз ин ҳам он аст, ки Антон Чехов забон ва адабиёти русро дар мактаб бо баҳои «се» ҷамъбаст кардааст.