arzon replenishment
ЧАРО ЗАНОНИ СОҲИБМАЪЛУМОТ БЕ ШӮЙ МЕМОНАНД?
25.12.2020
НУШОЗАР
6369

 

Агар ба зиндагии оилавии соҳибмаълумотон дар замони Шӯравӣ бингарем, аксар мардони асл аз деҳа назди ҳамқишлоқиён ҳамеша бо риояи "баробарҳуқуқӣ дар оила" шарманда мешуданд. яъне дар деҳот ҳаргиз зан сӯи мард нахоҳад гуфт:
-Имрӯз ту кӯдакро нигоҳ мекунӣ? Кӯдакро ба қазои ҳоҷат бар! Аз кор барвақт ой, хӯрок паз! Аммо дар шаҳр… ин андешаҳо як харфу ҳиҷои табиие дар оилаи соҳибмаълумот буд.

Оташи Инқилоби бозсозии Горбачёв қатори бисёр омӯхтаҳои даврони Шӯравӣ имтиёзу хукукҳои зани соҳибмаълумотро ба коми худ кашид. Муҳит дигар, баҳодиҳӣ ба рафтору кирдор, умуман фаъолияти зани соҳибмаълумот дар ҷомеаи мо дигар шуд. Ба замми ин чанги шахрвандӣ, ки аз пайи худ бӯҳрони сангини иқтисодиро овард, обрӯи занҳоро, алалхусус занҳои соҳибмаълумотро коҳиш дод.
Ҳоло зани соҳибмаълумот бо вуҷуди дар идораҳои бонуфуз кор кардан. наметавонад ҳатто зиндагии хешро пеш барад, дар ҳоле ки ин амал дар замони Шӯравӣ имконпазир буд. Афзудани сафи духтарони болиғ, нисбати ба ҷавонмардон дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва ба мамлакатҳои дигар баҳри поранон рафтани ҷавонон барои ба вуҷуд омадани омилҳои дузанагиву сезанагӣ мусоидат кард.
Дар ин маврид синну соли ба шавҳар- бароӣ тағйир хӯрд, ки ин ҳам ба манфиати зани соҳибмаълумот 22-25 буд, вале айни ҳол ин давра барои духтар "айёми харидорӣ" нест. Барои ҷавон хуш меояд, ки духтари 16-17 солаи "очааш набӯсидаро бигирад, нисбат ба духтари гармию сардии зиндагиро эҳсос менамудаи соҳибмаълумот. Яке аз сабабҳои дигари бешӯй мондани ҷавондухтарони соҳибмаълумот набудани талабот ба ақлу дониш дар ҷомеа аст. Дар оилаи тиҳимағзе, ки боигарии зиёд дорад, зиндагӣ барои бонуи соҳибмаълумот дӯзахро мемонад.
-Барои ҳафт-ҳашт ҳазор кор мебароӣ? Ҳаштод ҳазор медиҳам. дар хона бишин! Ин андешаро бонуи хона дар рӯзҳои аввал мешунавад. Паст рафтани ахлоқ хам ба пайдошавии омилҳои зарбазананда ба бозори духтари соҳибмаълумот мусоидат кард. Ҳоло кам чавонеро дидан мумкин аст, ки ба духтари ҳамсабақаш бо нигоҳи пуршаҳват нанигарад. Муддати панҷ соли таҳсил донишҷӯдухтар зери нигоҳҳои ҳавасолуди донишҷӯю омӯзгор ба қаду қоматаш таҳсилро ба поён мерасонад. Ва баъзе ҳолат духтар иродаро аз даст дода тобеи муҳит мешавад.
Кадом бонуи ҳунари саҳнаро тариқи телевизион намоиш надиҳанд, гарданбанди ғафсу ҳалқаи тиллоияш аввал ба чашм мехўрад. Аз кадом ҳисоб? Бо ҳамон 7-10 ҳазор маоши садову симо, театру ансамблҳо.
Ҳамчунин, ба хотири ҳунар бисёре аз занҳои соҳибҳунар зани дуввум буданро авло медонанд. Шавҳари онҳо ё тоҷирест, ё авбоше ё пулёбу давлатманде.
Бехаридор мондан, тарси бешавҳарӣ муҳити ифлос, нодорӣ, қашшоқӣ духтари соҳибмаълумотро ногузир ба сӯи тобеият ба муҳит мебарад. Дунболаи мӯд рафтан, бо паҳншавии ислом тарсондани баъзе аз занон аз сӯи дигар онҳое. ки ба калисо рафтаанду ақидаи христианӣ доранд, онҳоро ба роҳи бад мебарад.
Чӣ бояд кард? Роҳи наҷот куҷост? Шояд баъди хондани андешаҳои парешон суол кунанд духтарони соҳибмаълумот. Ба фикри мо чун дар оила тарбиятдиҳандаи фарзандон аслан занҳо ҳастанд, босаводу бофаҳм будани онҳо ҳатмӣ аст. Ба духтарони соҳибмаълумот, ки дар чорроҳаи тақдир нигарони шоҳзодаи бахт ҳастанд. Ин гуна маслиҳатҳо медиҳем:
a) Замона дигар шудааст. Гарчанд дар қонуни асосии мо баробарҳуқуқии зану мард нишон дода шудааст. амалан дар оилаи тоҷик ин андеша вуҷуд надорад. Фармонбардори мард ва мехрубон бошед.
б) Муҳит дигар шудааст. Ҷавонони имрӯз ба дунболи мӯд рафтани шуморо нишони маданият намеҳисобанд. Баръакс. нигоҳҳои шаҳвониву гаппаррониҳо ба Шумо зиёд мегардад. Либоси миллиро тозаву озода бипӯшед.
b) Аз омӯхтани фикру ақидаи пирони рӯзгордида, ки замоне "қафомонда"-ашон мегуфтанд, хазар накунед. Дунёи вокеиро ба Шумо онҳо хоҳанд омӯхт на китобу рисолахое. ки дар Ғарб иншо шудаанд.
г) Дар муносибат бо мардону ҷавонон ҳадди муайянеро нигоҳ доред. Ин амал на танхо обрӯи Шуморо назди онҳо меафзояд, балки барои ба вуҷуд омадани лаҳзаҳои ба дом афтидани шумо имкон намедиҳад.
д) Аз дугонаҳои беҷогард дурӣ ҷӯед, вагарна муҳит Шуморо мекунад. Боқӣ. роҳи сафед!
НУШОЗАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД