Салом! Ман ҷавонзани 32-сола ва модари ду фарзанд мебошам. Шукри худо, зиндагии ободу осуда дорам. Шавҳарам одами хуб буда, кори сердаромад дорад ва ману фарзандонамро ҳаматарафа таъмин мекунад, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ҳар сол дар фасли баҳор ба афсурдагӣ гирифтор мешавам. Ягон мушкили равонӣ надорам, вале имсол низ ҳолатам хуб несту дастам ба ягон кор пеш намеравад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
ШАҲЛО, сокини шаҳри Душанбе
Посух:
- Дар ҳақиқат аксари занону духтарон дар фасли баҳор ба афсурдагӣ - депрессия гирифтор мешаванд. Дучор шудан ба афсурдагӣ маънои онро надорад, кикас ягон мушкилоти рӯҳӣ дорад, ё аз назари равонӣ солим нест, одамони комилан сиҳату саломат ҳам метавонанд ба ин ҳолат рӯ ба рӯ гарданд. Тавре табибонмегӯянд, ҳатто одамони қавиирода низ, дар фасли баҳор ба депрессия гирифтор шуда метавонанд.
Сабабҳои асосии дар баҳор ба депрессия гирифтор гаштан инҳоянд:
1. Вайроншавии реҷаи зиндагӣ
Дароз шудани рӯзҳо боиси вайрон шудани кори узвҳои дохилӣ гашта, реҷаи инсон дигаргун мешавад. Дар фасли зимистон рӯзҳо кӯтоҳанд,ва мо бо ҳамин реҷа зиндагӣ мекунем, вале вақте баҳор фаро мерасад, рӯзҳо дароз шуда, реҷаи зиндагӣ низ, тағйир меёбад, аз ҳамин сабаб, то ба реҷаи нав мутобиқгаштани ҷисм одамон худро бениҳоят хаста эҳсос карда, хоболуд ва гаранг мешаванд.
- Таъсири боду ҳаво
Дар фасли баҳор ҳаво тез-тез тағйир ёфта меистад, якзамон борон меборад, вале баъди чанд лаҳза офтоб ба дурахшидан сар мекунад. Тағйирёбии боду ҳаво, махсусан ҳавои тираю абрнок метавонад ба руҳияи инсон таъсири манфӣрасонида, боиси ба афсурдагӣ гирифтор гаштан шавад.
3. Норасоии витаминҳо
Захираҳои организм дар фасли зимистон ба охир расида, аксари одамон, махсусан занону духтарон бо омад-омади фасли баҳор бо мушкилинорасоии витамину минералҳо дар организмашон рӯ ба рӯ мегарданд. Бар асари камбудии витаминҳо кас худро хаставу бемадор ҳис мекунад ва ин ҳолат ба руҳияашниз, таъсир расонида, ба афсурдагӣ гирифтор шуда метавонад.
Барои халосӣ аз афсурдагӣ чӣ бояд кард?
Агар сабаби ба депрессия гирифтор шуданатон ягон ҳодисаи нохуш, ё ғаму дарди ҷигарсӯз набошад ва ба афсурдагии шадид гирифторнабошед, шумо метавонед бо риояи чанд қоидаи одди худро аз ин ҳолат бароред.
1. Хоби бароҳат
Кӯшиш кунед, ки шабҳо барвақттар хоб рафта, аз хоб сер шавед. Пеш аз хоб дар бораи чизҳои хуб фикр кунед ва ягон мусиқии оромуроҳатбахшро гӯш карда, баъд сар ба болин гузоред.
2. Кор тамомшавӣ надорад
Масъулиятшиносӣ албатта хуб аст, вале занону духтароннабояд дар фасли баҳор худро аз ҳад зиёд хаста созанд. Ман бояд тамоми корҳоямро ба сомон расонам гуфта, то як поси шаб паси мизи корӣ нашинед. Агаршумо бо кори ҷисмонӣ машғул бошед, дар фасли баҳор корҳои иловагиро бар дӯши худ нагиред. Фаромӯш накунед, ки оқибати хастагии зиёд афсурдаҳолист. Коратоназ ҳад вазнин бошад, ақаллан як-ду ҳафта рухсатӣ гиред.
- Бештар меваю сабзавот хӯред
Тавре дар боло ишорат кардем, якеаз сабабҳои асосии хастагии зиёд ва афсурдагӣ норасоии витамину минералҳо дар ҷисми инсон мебошад. Барои он кинорасоии витаминҳоро дар организматон ҷуброн намоед, бештар меваю сабзавоти тару тоза хӯред ва хӯроки серғизо истеъмол намоед. Махсусан истеъмоли банан,панир ва шоколади сиёҳ ба бештар ҳосил шудани ҳормони серотонин, ки дар ҷисми инсон мусоидат менамояд, ва онро гормони хушбахтӣ ҳам меноманд, рӯ оред. Хоҳед, ки табъатон болида бошед, бештар банану шоколад хӯред.
4. Сайругашт ва дилхушӣ
Табъи хуш рӯҳияи инсонро баланд бардошта, эҳсоси шодию фараҳ мебахшад. Барои халосӣ аз депрессияи баҳорӣ занонудухтарон бояд бештар дар ҳавои тоза сайругашт намоянд. Бо дугонаҳоятон вохӯред, ҳамроҳи ҳамсару фарзандонатон ба меҳмонӣ равед, ё ба сайру тамошо баромада, азҳар як лаҳзаи ҳаёт лаззат баред, зеро зиндагӣ бо ҳамин лаҳзаҳои хушаш ширину гуворост.
Ф. САТТОРӢ