Ману занам ҳамдигарро дӯст дошта, ба қавле мисли Лайливу Маҷнун чанд сол барои расидан ба васли ҳамдигар мубориза бурда, баъд хонадор шудем.
Моҳҳои аввал занам чунон маро сахт дӯст медошт, ки аз кор камтар дертар баргардам, чанд бор занг зада, дар куҷо буданамро пурсон мешуд, бароям ҳар рӯз бар ғайр аз хӯрок, боз хӯриш ва шириниҳои лазиз тайёр мекард, ба сару либосам аҳамияти зиёд дода, намемонд, ки ба куртаам як гард нишинад, вале баъди соҳиби фарзанд шуданамон тамоман одами дигар шудааст.
Ҳушу ёди занам акнун танҳо бо писарчаи навзодамон банд аст ва нимаи шаб ба хона баргардам ҳам, ақаллан як бор занг зада намепурсад, ки куҷо шудед. Дар бораи меҳрубонию хушгӯӣ бошад, ҳоҷати гап ҳам нест, шабҳо “рӯзи дароз бо кӯдак овора шуда, сахт мнда шудам” гӯён, худро ба хоб мезанад, саҳар як коса хӯрокро кашида меораду “майлаш, шумо хӯрдан гиред, ман пеши кӯдак дароям, ки мабодо бедор шуда гиря накунад” гӯён зуд назди бачааш меравад, шомгоҳн ҳам вақти бо ман сӯҳбат крадан надорад.
Намепурсад, ки аз куҷо омадед, имрӯз чи кор кардед ва чӣ ҳол доред, дилатон ягон чиз мехоҳад ё не. Эҳтимол ба назари шумо хандаовар намояд, вале вақтҳои охир ман занамро ба писарчаамон рашк карда истодаам. Ба назарам чунин менамояд, ки ин духтар танҳо ба хотири бачадор шудан ба ман ба шавҳар баромадааст ва акнун, ки ба мақсадаш расид, дигар ба ӯ даркор нестам.
Шайтон васваса мекунад, ки барқасди занам ягон духтари ҷавонро ёфта, дилхушӣ карда гардам, вале боз андеша мекунам, ки маъшуқабозӣ оқибати хуб надорад. Азбаски марди намозхону қуръонхон ҳастам, метарсам, ки касофатии занбозии ман ба сари фарзандам назанад, вале охир ман мард ҳастам ва дилам навозишу меҳрубонии занро мехоҳад...
Д. Ф, ш. Турсунзода
Аз идора
Бародари азиз, шумо ягона марде нестед, ки бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гаштааст. Мутаассифона, аксари занҳои тоҷик бо сабаби зиёд будани кору бори хона ва душвории нигоҳубини тифли навзод баъди таваллуд кардан барои шавҳарашон қариб, ки вақт намеёбанд.Ба занҳое, ки бори аввал модар шудаанд, душвортар аст, чунки онҳо ҳанӯз дар зиндагӣ таҷриба надоранд ва дар нигоҳубини тифли навзод душворӣ мекашанд. Вақте ки тифл бо як овоз мегиряд, сабаби ғаш карда гиристани кӯдакро намефаҳманд ва намедонанд, ки чи хел ба фарзандашн ёрӣ расонанду чи кор кунанд. Аз як тараф рӯзи дароз овора шудан бо кӯдак, аз ҷониби дигар ғундоштани хона, шустани дегу табақ, хӯрокпазӣ, ҷомашӯӣ ва дигар ташвишҳои рӯзгор занро чунон хаставу лакот месозад, ки натанҳо барои шавҳараш, балки ҳатто барои худаш низ вақт намеёбад.Диққат дода бошед, аксари ҷавонзанҳое, ки ба тозагӣ модар шудаанд, ҳатто вақти косметика кардан ва худашонро оро додан намеёбанд. Барои ҳаимн фикри барқасд маъшуқа ёфтанр аз саратон дур карда, кӯшиш кунед, ки ба ҳамсаратон ёрӣ расонед. Ҳамроҳи волидонатон зиндагӣ мекарда бошед, аз модар ва апаву хоҳаронатон хоҳиш кунед, ки дар нигоҳубини тифл ба зани шумо, ки ҳанӯз таҷриба надорад, ёрӣ расонанд. Шумо ва ҳамсаратон алоҳида зиндагӣ мекарда бошед, ақаллан гаҳвраи кӯдакро ҷумбонед, то каме ҳам бошад, асабҳои модараш ром бигиранд. Аксари мардҳои тоҷик ба зан ёрӣ расониданро занкалонӣ меҳисобанд, вале дар асл ин нишонаи аз зан тарсидани мард набуда, баръакс аз меҳрубонӣ ва дилсӯзии ӯ ба ҳамсараш гувоҳӣ медиҳад ва муҳаббати занро нисбат ба шавҳар зиёдтар мегардонад. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки ба ҷойи занатон худатон ҷомашӯӣ кунед ва хамир пазед, вале шумо метавонед мошини ҷомашӯӣ харед ё дасгоҳҳои дигари замонавиеро харидрӣ намоед, ки кори занро хеле осонтар месозанд. Хушбахтона, имрӯзҳо асобҳои рӯзгорро ба таври насия низ тариқи бонкҳо гирифтан имкон дорад.
Дар мавриди меҳрубонӣ бошад ҳаминро гуфтанием, ки аз меҳр меҳр мерӯяд. Ҳамчун мард, агар шумо бештар ба занатон таваҷӯҳ зоҳир намуда, суханони ширин бигӯед ва ӯро авозиш кунед, меҳрубониҳоятон бе ҷавоб намемонанд. Боз як нуктаи муҳими дигар, занам мдар шудааст гуфта ӯро дар чор деври хона асир нагардонед. Дар як мҳ ақалан ду маротиба ду-се соат бошад ҳам, бигзор парастории фарзандатонро ягн шахси наздикатон ба зимма бигирад ва шумо ҳамроҳи занатон ба тамошои театр,кино, сайри боғ ё тарабхона равед. Чунин сайру гашт ва сӯҳбатҳои хоса зану шавҳарро рӯҳан ба ҳамдигар назик намуда, оташи ишқро алангаи тоза мебахшанд.
Боқӣ ба шумо хушбахтӣ мехоҳем!