Зиёда аз даҳ сол мешавад, ки дар мамлакат Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад.
Дар ин қонун уҳдадориҳои мактаб, оила ва ҷомеа мушаххас нишон дода шудааст. Мутаассифона, дар тӯли ин солҳо дар самти таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, робитаи мактаб, оила ва ҷомеа ҳанӯз ҳам нигарониҳо дорем.
Аён аст, ки қисмати зиёди волидайн талаботи қонуни мазкурро сарфи назар намуда, масъулияти худро ба дӯши мактабу маориф бор мекунанд ва омилҳои зеринро сабаб нишон медиҳанд: сатҳи пасти зиндагӣ, танқисии рӯзгор, муҳоҷирати меҳнатӣ, вақт надоштан, итоат накардани фарзанд, маблағ надоштан ва амсоли инҳо.
Бо ин ҳама, танҳо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷомеаро барои фардои дурахшон ҳидоят карда метавонад.
Изофа бар ин, қонуни мазкур масъулияти падару модарро дар тарбияи фарзанд баробар донистааст. Яъне аз лиҳози ҳуқуқӣ волидайн баробарҳуқуқанд. Аммо суоли матраҳ ин аст: Саҳми кӣ дар тарбияи фарзанд бештар аст? Падар ё модар? Агар ба таърих назар кунем, дар тӯли таърих саҳми модарон дар тарбияи фарзанд бештар будааст. Ин андешаро олимону донишмандон борҳо эътироф кардаанд. Бузургворе фармуда: “Агар мард бесавод монад, фоҷиаи танҳо худи ӯст, вале агар зан бесавод монад, фоҷиаи миллат аст”.
Дар воқеъ, саҳми модарони таълимдидаю босавод дар рушди камолоти маънавию ахлоқии фарзандон басе бузург аст. Таваҷҷуҳи хонандаро ба ду иқтибос ҷалб мекунам.
1. ”Аҳмади Дониш таҳсилоти ибтидоии худро аз модараш-зани боиффат ва бархурдор аз улуми динӣ, ки инчунин, дар мактаби хусусияш машғул ба таълим ва тарбияи кӯдакон ва нав-расон буд, омӯхтааст. Муҳити солими илмии хонаводаи Аҳмад дар рушд ва пешрафти илмии ӯ заминаи хубе фароҳам оварда буд”.
2.”Кашшофи қонуни даврии элементҳои химиявӣ Д.И.Менделеев дар 13-солагӣ аз падар маҳрум мегардад ва дар тарбияи модараш мемонад. Модараш Мария Ди-митриевна зани бисёр оқила ва порсо будааст. Модар барои он ки фарзандаш донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Петербург шавад, аз фурӯхтани ҳамаи амволаш рӯй натофт”.
Дар зимни ин андешаҳои боарзиш бояд бигӯем, ки мутаассифона, феълан, аксарияти занону бонувони тоҷик, каммутолиа буда, рӯзнома ва китоб намехонанд ва вақти пурқимати худро ба тамошои сериалҳои туркӣ мегузаронанд, таълиму тарбияи фарзандонро танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ медонанд. Аз нигоҳи мо, дар назди муассисаҳои таълимии қаламрави ҷумҳурӣ курсҳои махсуси “Тарбияи психология ва педагогикаи оилавӣ”-ро ба роҳ монда, ба ин курсҳо занону бонувони хонашинро ҷалб кардан талаботи замон аст.