Ривоят аст, ки Султон Увайси Қаранӣ модари пире дошт. Боре модар аз Увайс шир хост. Увайс дар ҷустуҷӯи шир дар маҳаллаҳо мегашт ва баъд аз чанде ба хона шир овард. Чун ба хона баргашт, хоби модар бурда буд. Ба гумоне, ки шояд модар бедор шуда шир хоҳад, пиёла дар даст, то саҳар дар назди модар қоим буд. Чун модар бедор шуд, каме шир хӯрда, дар ҳаққи Увайс дуои нек кард. Ҳамон дуои неки модар аст, ки номи Увайси Қаранӣ то ба қиёмат вирди забонҳост.
Дар ин маврид Паёмбар (с) фармудаанд: «Дуои се тоифа ба даргоҳи Худованд мустаҷоб аст. Дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падару модар».
Шахси сазовор аз нигоҳи ислом кист?
Абӯҳурайра (раз) мегӯяд: «Шахсе назди Расулуллоҳ (с) омад ва гуфт:
- Ё Расулуллоҳ (с), сазовортарини мардум, ки барояш эҳсон кунам кист? Фармуданд: - Модар, сипас модар, боз модар, баъд аз он падар. (Муттафақун алайҳ).
Аз ин гуфтаҳои Паёмбар мебинем, ки модар бояд ҳамеша аз ҷониби фарзандон дар муҳити раҳму шафқат, ҳусни муошират, меҳру муҳаббат, иззату икром қарор дошта бошад. Падар ҳам чунин аст, аммо модарро таъкид кардани Паёмбар (с) бе ҳикмат нест, зеро зан нисбат ба мард бисёр заифу муштипар аст. Ба дунё овардани тифл аз ҳамлу таваллуд, шир додан, ҳама бар дӯши ӯст ва аз ин рӯ, фарзанд бояд нисбати ӯ шафқати бештар дошта бошад.
Бузургии модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Сад ҷону дил фидои як муддаои Модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои Модар.
Заҳмати шабонарӯзиву бедорхобӣ ва бурдбории ӯ танҳо ба худаш хос аст, ки касро ба ҳайрат меорад. Фарзанд дар канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасаду аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстиро меомӯзад. Канори модар худ мактаби аввалини ҳаёти инсон аст. Ба зери болини кӯдакӣ гузоштани китоб ё муқаддами дигар рамзи худро дорад. Модар мехоҳад, ки тилфаш бе нуқс сабзида, мададгори даврони пирӣ гардад.
Инсон баъд аз раҳо гаштан аз оғӯши гарми модар қимати ӯро хубтар дарк мекунад, зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.
Модарон мисли мактабанд
Модар дар ҳама ҳолат чи ҳозиру ғоиб пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар...
Мутаассифона на ҳама вақт мо бо қадри ин ганҷи бебаҳо расида метавонем, гоҳ дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ ва ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз кору кирдори худ пушаймон гашта ба суроғаш меоем, аммо сад афсӯс, ки дигар ганҷи аз даст рафтаро намеёбем, зеро аз даст додани модар барои фарзанд фоҷиаи хеле гарон аст.
Шоирон симои воқеъии ӯро бо сухан нишон дода, номашро то моҳ баровардаанд. Бемуҳобот модар ба қадрдонӣ сазовор аст. Ана ҳамин бузургию шаҳомати ӯро бо назар гирифта модарро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қадри модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад.
Ҳама олимону шоирон, ҳунармандону косибон парвандаи боғи муаттари модарон аст. Аз ин рӯ ҳар кас бояд қадри ин ганҷи бебаҳоро донад. Байти шоир Лоиқ чароғи равшани олами гуфтори мост.
Аз сарвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пойи модар.
«Модарон ба мисоли мактабанд». Ин маънӣ аз суханҳои гаронбаҳои Паёмбари Худо (с) бармеояд. Дар ҳақиқат модар барои фарзанд ҳам мактаб аст, ҳам муаллим. Шахсиятест, ки лоиқу сазовори эҳтиром аст. Ҳар кас ҳурмати модарро ба ҷо орад, ба мақому манзалати баланд сазовор мегардад.