Ҳоли зори апаву додари маъюб дар деҳаи кӯҳӣ Умедҷон Усмонов сокини деҳаи Яккатути шаҳри Ҳисор буда, 20-сол дорад, вале то ҳол мисли тифле, ки ҳанӯз роҳгардон нашудааст, чорпоя роҳ меравад. Вақте ки ӯ бо азобҳои алим ҷисми нотавонашро базӯр рӯ-рӯи хона кашола карда, аз зӯрии дард ба худ мепечад, дили волидонаш хун шуда, селоби ашк ба рӯяшон мешорад, вале онҳо назди ин ҳукми сарнавишт оҷиз монда, намедонанд чи тавр ба писари яккаву ягонаашон ёрӣ расонанд. Табибон мегӯянд Умедҷон ба фалаҷи майнаи сар гирифтор аст, аммо зоҳиран ақлаш ба ҷо менамояд, танҳо дасту пойҳояш қуввату мадори ҳаракат кардан надоранд. Табибони эронӣ ваъда додаанд, ки Умедҷонро табобат карда, ба по мехезонанд, аммо падару модари камбағалаш имкони иқтисодии ба Эрон сафар кардан ва пардохтани маблағи табобатро надоранд, зеро дар ин оила ду маъюб зиндагӣ мекунанд. Апаи 32-солаи Умедҷон-Дилором низ ба сактаи мағзӣ-инсулт гирифтор гашта, чанд сол боз аз по мондааст.
Умедҷон ва Дилором ба бистари беморӣ мехкӯб гаштаанд ва модар маҷбур аст, ки бо дасти худ ба онҳо хӯрок дода, оббозӣ доронад, тару хушкашонро бигирад. Гирумони ду одами баркамол бениҳоят душвор буда, сутунмӯҳраи модар бар асари бардоштани бори вазнин ва гирумону кашмакаши ду фарзанди маъюбаш иллат пайдо кардааст.
Дарди сутунмӯҳрааш тез-тез хурӯҷ карда, баъзан ҳафтаҳо аз ҷояш хеста наметавонад. Падари Умедҷон ба мард буданаш нигоҳ накарда, маҷбур мешавад, ки кору бори рӯзгорро худаш ба сомон расонида, хона рӯбад, косаву табақ шӯяд, писари маъюбашро оббозӣ доронад...
Дилором аз модар бо нуқсони модарзодии дил ба дунё омада бошад ҳам, пештар бо пойи худаш роҳ мегашт. Падару модараш бо умеди шифо ёфтани фарзандашон сарашонро ба сад дар зада, Дилоромро ҷарроҳӣ намуданд. Ҷарроҳии дил ниҳоят душвор аст ва амалиёт чанд соат тӯл кашида, баъди ҷарроҳӣ Дилором ба ҳолати кома афтид. Чанд рӯз ӯ байни маргу зиндагӣ қарор дошт ва касе умед надошт, ки зинда мемонад, аммо бо инояти парвардигор пас аз 10 рӯз Дилором аз кома баромад. Хурсандии падару модар он рӯз интиҳо надошт, лек шодиву нишоти онҳо дер давом накарда, духтарашон чанд рӯз пас ба сактаи мағзӣ-инсулт гирифтор гашт ва тамоман аз пойи равон монд...
Аҳли ин хонадон дар шароити сахту сангин умр ба сар мебаранд. Падари Умедҷон бо сабаби бемории фарзандонаш наметавонад мисли дигар мардон ба Русия рафта, шароити зиндагии аҳли хонаводаашро беҳтар созад.
Дар шароити деҳот нигоҳубини ду фарзанди баркамоли маъюб ниҳоят душвор аст. Ба сабаби надоштани аробачаи маъюбии худрав падар маҷбур мешавад, ки фарзандонашро пуштора ё мисли кӯдак бағал карда, то саргаҳи деҳа расонад ва 200-250 сомонӣ дода ба шаҳр барои ташхис ва табобат барад. Аз ҳамин сабаб волидони Умедҷон ва Дилором орзу доранд, ки дар шаҳр ақаллан соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ гарданд, то гирумони фарзандони маъюбашон каме ҳам бошад, осонтару сабуктар шавад.
Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила. тч ба тақдири ин ду ҷавони маъюб бетараф намонда, ба ин оилаи ниёзманд дасти ёрӣ дароз менамоянд.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Умедҷон ва Дилором ёрӣ расонанд, меавонанд хайрияи худро ба корти бонкии №5058 27 014 10 45 624 (Корти миллӣ аз Имон-интернешнл) гузаронанд ва ё ба рақамҳои зерин занг зада бо падари Умедҷон ҳамсӯҳбат шаванд: 909-09-61-00