arzon november
Чаро сари кӯдак шабушк мезанад?
464


Педикулез ҳамон шабуке мебошад, ки аксарият хуб медонанд. Ин паразитҳои хурдакак дар сари инсон манзил карданро дӯст медоранд. Шабушк бештар дар сари кӯдакон пайдо шуда, хунро мемаканд ва дар натиҷа сар ба хориш медарояд.

Дар сари як талаба дар синф шабушк пайдо шавад, баъди чанд муддат ба сари чанд кӯдаки дигар мегузарад. Шабушк ҳангоми дар як бистар хобидан бо шахси шабук дошта, наздик нишастан ва расидани мӯйҳо ба ҳамдигар, пӯшидани кӯлоҳ, бастани лента ва дигар ороишоти мӯйи шахси мӯйи шабушкзада ва ҳатто шона задани мӯйи сар бо шонаи одами шабукдор мегузарад. Маъмулан шабушк дар кӯдакони то 12-сола бештар ба назар мерасад.

Барои пешгирии педикулез ба кӯдак тарзи дурусти рафторро омӯхта, таъкид кунед, ки ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, мӯйи сарашро бо шонаи ҳамсинфонаш шона накунад, ҳатто барои шӯхӣ сарбанд, лента ва ё кулоҳи дигаронро ба сараш накунад, ҳангоми овехтани либосҳояш дар либосовезаки мактабӣ либосро аз тарафи лағжонакаш овезон кунад.

Бо аломатҳои аввалини пайдо шудани шабук-яъне ришк дар сари кӯдак ҳатман аз паси чораҷӯӣ шуда, ба духтур муроҷиат намоед ё сари кӯдакро дору кунед, то ки паразитҳо афзоиш ёфта, ба сари дигар аъзёни оила нагузаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД