arzon replenishment
ЧАРО РӮЗ БА РӮЗ ҶАВОНОН ВАЙРОН ШУДА ИСТОДААНД?
25.10.2020
Р. Азимӣ
2025

 

Ҷавонони имрӯза ба гапи падару модар гӯш надода, дари хонаро қулф карда, аз субҳ то шому аз шаб то саҳар вақти худро дар интернет мегузаронанд. Тавассути сомонаҳои гуногун бо ҷавонони ношинос чақ-чақ кардану вохўриҳои романтикӣ гузаронидани духтарони тоҷик ғаши касро меорад.

Тарбияи фарзанд масъулияти аввалиндараҷаи падару модар аст, пас чаро бархе аз волидон ба ин масъала чашм пӯшида, имкон медиҳанд, ки фарзандонашон ҳар номаъқулии дилхоҳи худро карда гарданд. Аз ҳад зиёд озодӣ додан ба фарзанд, хоса ба духтарон оқибатҳои нохуш ба бор оварда метавонад. Ҷавонон ва ҳатто мардҳои зандор рӯзи дароз дар сомонаҳои “Тик-ток”-у, “Инстаграм” ва «Одноклассники» ба арӯсбозӣ машғуланд ва духтарҳои гӯлу содаро ба дом меафкананд. Беҳуда бузургонамон духтарро «бори номус» нагуфтаанд, ҳаёту мамот ва нангу номуси духтарро, ки қиматтарин ганҷи ӯст, як хатои хурдакак метавонад барбод диҳад.

Бинобар ин, падару модаронро зарур аст, ки нисбати тарбияи фарзандони худ, хоса духтарон диққати махсус диҳанд. Мани омӯзгор дар сомонаҳои интернетӣ духтарони тоҷикро зери номҳои рамзии электронӣ аз қабили “Селфи Таджикастан”, “Духтари парича”, “Духтари танҳо”, “Закияи туюм” ва “Бандитка” дида, ба қавле бе дуд месӯзаму дармегирам. Шояд бархе бигӯянд: Замон замони демократӣ аст, ҳар кас чӣ хеле ки мехоҳад, ҳамон тавр зиндагӣ мекунад.

Ман муқобили замона нестам, медонам, ки имрӯз илму техника пеш рафтааст ва тамоми мардуми сайёра аз компютеру интернет истифода мебаранд, вале техникаро бояд оқилона истифода бурд, на барои дилхушиву вақтгузаронӣ.

Ашурмат Зиёев, омӯзгор

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД