Arzon Navruz
ЧАРО ПОЙҲО ДАРД МЕКУНАД?
673

САВОЛ:
 Дар давоми рӯз пойҳоям дард намекунанд, аммо шабҳангом каме варам карда, камқувват мешаванд ва сахт ба дард меоянд. Аз зонувон болотар, дар ҳарду пойҳоям васеъшавии рагҳоро эҳсос намудаам. Шояд сабаби дарди пойҳоям аз ҳамин бошад?

 МАСЛИҲАТХОНАИ ИБНИ СИНО:


Мо хеле зиёд роҳ мегардем, медавем, аммо ба пойҳои худ кам аҳамият медиҳем. Он гоҳ пойҳоямонро ба хотир меорем, ки онҳо бо дарду варамкуниву рагкашиашон аз худ дарак медиҳад. Пойҳои шумо хаста мешаванд? Ин аз вазни зиёди шумо, пойафзоли номувофиқ, зиёд роҳ гаштан, васеъшавии рагҳои поятон, хӯрокхурии нодуруст, инкишофи нодурусти сутунмӯҳра, шамолкашӣ ва ғайра буда метавонад. Дарди пой яке аз мушкилоти занон аст. Мо табиати худро дигар карда наметавонем: Мехоҳем фарзандор шавем, мехоҳем дилкашу зебо бошем, барои ин ҳабҳои хормоналӣ хӯрда, пойафзоли баланду танг ва либосҳои синтетикӣ пӯшида мегардем, ки дар натиҷа хасташавию дарду варам ва билохира васеьшавии рагҳо ба амал меоянд.

Дар натиҷаи риоя накардани оддитарин қоидаҳои пойафзолпушӣ ва аз нигоҳубин дур мондани пойҳо дар ҳадди аввал, шабҳшангом дар пойҳоямон вазнини ва дарди кунде эҳсос менамоем. Баъдтар рӯзона ҳам пойҳоямон вазнинӣ ба дард медароянд. Варам ҳам дар аввал номаьлум шомгоҳон ба амал омада, субҳ гум мешавад.

Сипас, оҳиста – оҳиста қисми дуюми рӯз варам пайдо мегардад. Барои он, ки рӯзе ҷароҳии рагҳо ё флебологҳоро накобед, аз ҳоло ба табобату нигоҳубини пойҳоятон кӯшед.    

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД