Arzon march 2024
Чаро оилаҳо вайрон мешаванд?!
108

Зиндагӣ ҷодаи ҳамвор нест, дар роҳи пурмашаққати зиндагӣ дар рў ба рўйи мо монеаҳои зиёде пайдо мешаванд. Агар муборизию таҳаммулпазир бошӣ, пас муқобили ҳама носозиҳои қисмат дастболо хоҳӣ шуд, агар не…

Нигаҳдорандаи чароғи хонадон…

Дар тамоми оилаҳои анъанавии тоҷикӣ аз рўзе, ки духтар худро мешиносад ба вай дар қатори ҳунарҳои пазандагию дўзандагӣ ва нигоҳубини хонаю эҳтиром ба калонсолон, ва албатта омили муҳими ҳаёти оилавӣ сабру тоқатро меомўзанд. Аммо садҳо афсўс, ки дар замони мо сабабгори пош хўрдани оилаҳои ҷавон дар бисёр ҳолатҳо, бесабрии бонувон аст. Ин гапи хушку холӣ набуда, мо онро аз рўйи гуфтаҳои шахсони таҷрибаи зиндагӣ дошта мегўем. Саодатбегим Назаршоева як нафар омўзгори собиқадор мегўяд, аксари модарон дар фикри ҷамъ намудани ҷиҳоз барои духтарашон шабу рўз ҷон мекананд, вале маънаван онҳоро ба хонадорӣ тайёр намекунанд…

Ба қариби келини ҳамсояаамон бо ду писар ба хонаи волидонаш баргашт, зеро мехостааст, ки барояш аз шаҳр хонаи алоҳида харанд. Ноҳияи мо дар канори пойтахт ҷойгир асту ободу зебост, шахсан ман чил сол боз дар ҳамин ноҳия зиста, дар яке аз мактабҳои шаҳр дарс медиҳам ва ҳеҷ гоҳ ҳаваси хонаи шаҳрро накардаам. Понздаҳ сол бо авсунҳоям зиндагӣ кардам, баъд онҳо хонаву дари худро ҷудо карданду ҳавлии падарӣ ба ману шавҳарам монд. Имрўз, писаронам дар шаҳр хонаву дар доранд, ду духтарам низ, дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, вале ман ҳар бегоҳ ба хонаи худам бармегардам. Ҳеҷ намефаҳмам, ки ба келини ҳамсояаамон чӣ намерасид? Шавҳараш ҷавони маълумоти олидор, духтур аст, худаш муаллима, вале танҳо барои он, ки дар шаҳр хонааш намехаранд оилаашро вайрон кард. Ба хотири вайрон нашудани оилаи онҳо ва зиндаятим гаштани тифлаконашон, ман ду бор ҳамроҳи хушдоманаш барои овардани ў рафтем. Аммо ў пояшро дар як мўза тиққонда, ҳатто ману хушдоман ва модарашро гап задан намонда, мегўяд, хонаам харед. Мехоҳам кўдаконам дар шаҳр ба воя расида, одам шаванд, тӯтивор такрор мекунад ў… Ман ба ў гуфтам, ки оё фарзандони ману шавҳари ту дар ноҳия ба воя расида, одам нашуданд?! Аммо ба ин ҷавонзани бефаҳм насиҳат гуфтан, ба гўши кар ғазал хондан аст. Мегўяд бо таассуф, ин зани гармию сардии рўзгор дида. Шумо ни,з хонандагони азиз, медонед, ин ҳодисаи ягона нест…

Дахолати калонсолон

Ҷавонон дар навбати худ, дар пош хўрдани оилаҳои ҷавон калонсолони оиларо гунаҳгор мекунанд.

Самира, арўсаки панҷ панҷааш ҳунар, мегўяд, ки хушдоманам аз рўзи аввали ба хонадони онҳо пой монданам маро бад дид. Гуноҳам ҳамин, ки ҷиҳози арзандаи ба дили вай мувофиқ набурда будам. Ў ҳамеша маро назди писараш паст зада, модарамро муаллимаи «крахабор», падарамро аз он бадтар унвон медод, ман тоқат накардаму хонадони онҳоро тарк кардам. Ман тоқат мекардам, агар шавҳарам ақаллан як борак ба модараш мегуфт, ки очаҷон зани маро азоб надиҳед. Шавҳари занаксифатам баробари модараш нишаста, маро ғайбат мекард, ҳатто шабҳо дар бистари хоб гап танҳо аз ҷиҳози овардаи ман ва камбағалии волидонам буд. Шояд шумо гумон кунед, ки хусуру хушдоманам ашхоси сарватманданд, не… Онҳо низ, мисли мо рўзгор доранд, баъд ҷиҳози ман ҳам он қадар камбағалона набуд…

Ин ҳарфҳои як бонуи зебову маданӣ аст, ки бо дахолати калонсон оилаи навбунёдаш вайрон шудааст. Ниёзбӣ Асламова, бонуе, ки солҳои сол бо оилаҳои ҷавон сару кор дорад, мегўяд: - “Ягон падару модар намехоҳад оилаи навбунёди фарзандаш вайрон шавад. Зеро пул ёфтану оиладор шудан осон нест, хоса дар деҳот… Як ҷавонмард солҳои сол дар Руссия муздурӣ мекунад, то омада зан гирад, хонаашро обод кунад. Ҳатто баттолтарин зан ҳам намехоҳад орзуҳои солҳои сол дар дил парвардаи фарзандашро барбод диҳад. Ба духтарони ҷавон таҳаммул намерасад. Ман ки дар ҳамин росто кор мекунам, дар бисёр мурофиаҳои судӣ, ки бекор кардани ақди никоҳ аст, ширкат мекунам. Баъзеяшон он қадар беақланд, ҳатто бо пайдо шудани камтарин монеа дар зиндагӣ тайёранд фарзандонашонро зиндаятим ва худашонро сарсону саргардон кунанд. Барои сазовор шудан ба зиндагии шоиста меҳнат кардан даркор, тавоноию зурмандии шавҳаратонро ба назар гиред. Охир, волидайн аз шумо қарздор нестанд, тарбия карданд, ба воя расониданд, акнун зиндагиятонро худатон пеш баред…”

Ман гумон мекунам, ки ба ин масъала як тарафа баҳогузорӣ кардан кори оқилона нест… Наход дар пош хўрдани оилаҳои ҷавон танҳо айби занон бошад? Ҷавонмардони моро лозим аст, ки аз ойини ҷавонмардӣ берун по нагузошта, ризқрасон буданашонро ҳеҷ гоҳ аз ёд набароранд. Чун соҳиби оила ва фарзанд шуданд, масъулият эҳсос кунанд, калосолони оила низ, ҷавонию хомии хешро аз ёд набароранд, барои вайрон шудани оилаҳои ҷигарбандони хеш замина нагузошта, балки бо маслиҳату машваратҳои оқилона онро нигаҳ доранд.

Умри кўтоҳ ва тоқат

Боре дар саҳифаам дар Фейсбук як ҳикматро дар бораи сабр монда будам, зане дар шарҳаш навишта буд: - “Оё ин умри кўтоҳ ба он меарзад, ки мо фақат тоқат кунем?! Албатта, тоқат аз тоқат фарқ дорад… Зиндагӣ бо марди нашъаманд, майхора, муштзур - барои зан азоби дузах буда, аз ин гуна шавҳар, бешавҳарӣ сад бор хубтар аст. Зеро ин ҳама ба ҳаёти инсон хатар эҷод мекунад…

Аммо ба хотири хонаву дари алоҳида, пул, чизу чора, эроди пайвандони шавҳар вайрон кардани оила ва зиндаятим кардани фарзандон, амалест нангин ва нобахшиданӣ. Агар сабр амали солеҳ ва хислати хуб намебуд, онро ҳама вақт ба мо талқин намекарданд. Паёмбари Худо (с) дар ҳадисҳои мубораки хеш намефармуданд, ки «Сабр-калиди саодат аст».

Лолаи САИДАКБАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД