Николас Кейҷ, аз маъруфтарин актёрони амрикоӣ, барандаи ҷоизаҳои «Оскар» ва «Глобуси тиллоӣ»-ро шояд аксарият мешиносанд.
Вале ба гумони ғолиб, қисми зиёди мухлисон насаби аслии ӯро намедонанд. Бовар нокарданист, вале далел аст, ки ному насаби ӯ на Николас Кейҷ, балки Николас Ким Коппола буда, ба оилаи коргардони маъруф, Фрэнсис Форд Коппола тааллуқ дорад.
Николас, ки ҷияни Коппола буд, нахост шуҳраташ аз пушти номи аҷдод бошад. Маҳз бо ҳамин сабаб барои карйераи оянда насаби ҳунарманди дӯстдоштааш Кейҷ (Люк Кейҷ)-ро интихоб кард.