Sebiston new 2024 october
Чаро Насима шавҳари рус кард? Қисми 2
1500

                                      Шайтонсират

Як бегоҳи шанбе Насима аз Шамима хоҳиш кард, ки ба хонаи аммааш раванд, вале апааш рад кард:

-Насим, язнаат мегӯяд, ки ин рӯзи истироҳат бачаҳоро гирифта, ба хонаи волидонаш равем, агар не гӯям, мабодо наранҷад….

Рӯз бегоҳ мешуд, вале Насима ба хонаашон рафтан намехост, зеро медонист, ки модараш имрӯз «меҳмон» дорад… Духтар дар дилаш азм кард, ки танҳо ба хонаи аммаи Салима меравад, хуб медонист, ки ин зани фариштахисол ва духтаронаш Зевару Гавҳар аз омаданаш хурсанд мешаванд. Ӯ аз маѓозаи сари роҳ қандинае харида, ба истгоҳи мошинҳо рафт, автобуси охирон аз деҳа баргашт ва духтарак ноумед мехост ба хонаи апааш баргард, ҳамин вақт ҷавони кабудчашми башарахунуке сарашро аз кабинаи мошинаш бароварда гуфт:

-Ба куҷо равонед, духтари хушрӯ?

-Ба деҳаи Нилоба,-ҷавоб дод Насима, шофёр “ман ҳам ҳамон ҷо меравам” гӯён, дари мошинро кушод. Насима бепарво ба паҳлуи ронанда нишаст. Насима аслан либоси аврупої мепӯшид, ҳамин ҳоло низ пойҳои сапсафеди зебояш аз зери домони кабуди осмонияш намудор гашта, ҳуши ронандаро парешон карданд. Сафо, марди айёши бадахлоқ зану се фарзанд ҳам дошта бошад ҳам, ҳушу ёдаш ба духтараки дар паҳлӯяш нишаста банд буду ба ҷойи ба сӯи деҳа рафтан, мошинро ба сӯи кӯҳу пушта ронд. Дунёро пардаи тирафоми торикї фаро гирифта буду доду войи Насимаро дар дили дарраҳо касе нашунид. Сафои ба мақсадаш расида, хост Насимаи аз ин гардиши қисмат лолу карахтро навозиш кунад, вале духтар бо нафрат ӯро аз худаш дур кард ва амромез гуфт:

-Худозада, маро ба хонаамон бар!!!- Ронанда ӯро ба пушти дари хонаашон оварда, чун фаҳмид, ки ӯ духтари Розияи ба бероҳагї машҳур аст, бо тамассхур гуфт:-И ту духтари Розаӣ? Ман ҳайрон аз ин буққахона боз ту духтар баромадаї?! Он шаб модараш омадани ӯро ҳатто пайхас накард… Пас аз ин воқеа, Сафо чанд бор суроѓи Насима омад, вале духтар бо таҳдид ба ӯ гуфт:

-Агар як бори дигар номамро мегирию ба суроѓам меої, ман ба милиса ариза менависам, ту худат медонї, ки таҷовузкорро дар маҳбас чї кор мекунанд?!

                                      Шавҳари рус

Насима аз як духтари хурсанду хушҳол ба як одами аз зиндагї дилсард мубаддал гашт, ба ҳама мардон нафрат дошт… Ноҳияи онҳо ноҳияи сарҳадї буду пас аз ҷанги шаҳрвандї дар он ҷо отряди аскарони марзбони рус истиқомат ва хизмат мекарданд, дугонааш Вера бо сарбози русе вомехӯрд ва як рӯз ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро ба зодрӯзи дӯстдоштааш бурд. Дар он маҳфил Насима бо Миша ном ҷавони маскавї шинос шуд, маҳз Миша бо дили поку беолоиш ва сӯҳбатҳои ширинаш дили Насимаро ба зиндагї гарм намуд. Дилдодаҳо дар як ҳафта ду-се бор вомехӯрданду рози дил мекарданд, ин вохӯриҳо шаш моҳ давом карданду Михаил як рӯз ба Насима гуфт, ки муҳлати хизматаш ба охир расида истодааст ва онҳо бояд аз ақди никоҳи давлатї гузашта, ба Маскав кӯч банданд. Насима аз модараш напурсида розигї дод, онҳо дар иҳотаи ёру рафиқони Миша маъракачае баргузор намуда, никоҳашонро расмї карданд. Пеш аз он ки онҳо ба Маскав раванд, Насима ба модарш гуфт:

-Оча, ман ба сарбози русе ба шавҳар баромадам, ба қарибї ба Маскав меравем, аз ту хоҳиш дорам, ки номи падарамро ба ман гӯй, то ман ӯро ақаллан шиносам… Розия бефарқ ба духтараш нигариста, пичиррос зад:

- Вақте ки ту дар қадам задї, ман бо чор мард дар як вақт мегаштам- як полковники милиса, ки рус буд, як чӯпони лақай ва ду тоҷик… яқин ту аз ҳамон рус ҳастї, зеро ба русҳо монандї, боз бин ки хунат фарёд карду руси худатро ёфтї. Пас аз ин гуфтугузор дили духтар аз модари фоҳишааш ба тамом сард шуд ва ӯ барои хайрухуш ба назди Шамима рафт, аз шунидани он ки хоҳараш ҷавони русро мегирад, апааш ба қавле талхакаф шуд ва дав-давон назди модараш рафта, моҷаро бардошт:

- Оча, шармандагиву бероҳагии ту бас набуд, ки имрӯз иҷозат медиҳї Насима урусро гирад, ин шармандагї як умр аз номамон шуста намешавад. Розия бо қаҳр ба духтараш нигоҳ карда фарёд зад:

-Ман шармандагї кардам? Ту чї мусичаи бегуноҳї? Агар зӯрии амакҳою падари ҳаромхӯрат намебуд, имрӯз аҳволат аз ман бадтар мешуд! Падари Насима рус аст, ҳеҷ гап не, бигузор бахташро ёфта равад! Шамима бо дидаи гирён аз остонаи модар баромад- чанд рӯз пас Насима ва Михаил ба Маскав парвоз карданд…

                                                                                    Рухсора Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД