Commerce bank may-june 2026
Чаро мардҳо пас аз 40-50-солагӣ духтарбоз мешаванд?
19.06.2026
Oila.tj
36

Салом! Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, оиладор шудаем. Дар вақташ мисли Лайлию Маҷнун ҳатто як лаҳза ҳам бе якдигар зиста наметавонистем. Падару модарам ба издивоҷи мо розӣ набуданд, аммо ӯ одамони номдорро восита карда, бо садҳо талошу мубориза маро ба занӣ гирифт. Шукри худо соҳиби хонаву дари обод ва чаҳор фарзанди гул барин зебо гаштем. Дар зиндагӣ аз чизе кабудӣ надорем, аммо зани покдомон, ҳунарманд ва меҳрубон бошам ҳам, вақтҳои охир мардакам духтарбоз шудааст. Дар телефонаш аксҳои духтарони бегонаро мебинам ва суханҳои ба маъшуқаҳояш навиштаи ӯро хонда, девона мешавам. Падари бачаҳоям ва хешу таборашро ҳурмату эҳтиром мекунам, хӯрокҳои бомазза мепазам, ягон камбудӣ надорам, ҳайронам, ки чаро мардҳо баъди 40-50-солагӣ духтарбоз шуда, даст ба хиёнату бевафоӣ мезананд?

Г. М., сокини ш. Душанбе

АЗ ИДОРА:

Тавре равоншиносон мегӯянд, мардҳо баъди 40-солагӣ ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешаванд. Дилашон худ аз худ зиқӣ оварда, муҳити оилавӣ ба ҷонашон мезанад, аз ҳамин сабаб ба ҷустуҷӯи зани дигар меафтанд. Мард дар ин айём занеро ҷӯё мешавад, ки ӯро ба ҳаяҷон орад ва дилаш баробари дидори ӯ бо суръати дучанд ба тапидан дарояд. Аз ҳамин сабаб маҳз дар 40-солагӣ баъзе мардон маъшуқа меёбанд.

Пас аз 50-солагӣ бошад, давраи кризиси синнусолӣ фаро мерасад ва мард худро нолозим ҳис карда, азоби рӯҳӣ мекашад, агар кори хуб ва сердаромад надошта бошаду дӯстонаш аз вай канораҷӯӣ кунанд ва ҳамсараш нисбаташ бепарвоӣ зоҳир намояд. Аз ҷониби дигар дар саломатии мард мушкилот пайдо мешавад, махсусан бемориҳои ҷинсӣ мардонро сахт руҳафтода месозанд, зеро хоҳиши мубошират ҳаст, вале саломатӣ имкон намедиҳад. Аз ҳамин сабаб мардон баъди 50-солагӣ ба ҷустуҷӯи ишқи нав меафтанд, зеро мард дар симои зан дӯстеро дидан мехоҳад, ки дар ин давраи мушкил рӯҳан ӯро дастгирӣ кунад.

Хоҳед, ки шавҳаратон думболи занҳои бегона надавад, нисбаташ бепарво набошед ва ба ҷойи ҷангу ҷанҷол давраи ҷавонитонро ба ёд оварда, мардро меҳрубонию дилҷӯӣ кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД