Салом! Ман дар як ширкати хориҷӣ ба ҳайси тарҷумони забони англисӣ кор мекунам ва зани сарватманд ҳастам. Маоши калон мегирам ва ба пули мард ниёз надорам.
Маоши шавҳарам аз маоши ман қариб се баробар кам аст ва тамоми бори зиндагиро худам мекашам. Мардакам ба ҷойи раҳмат гуфтан мудом ба пулдории ман рашк бурда бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол мекунад. Ҳайрон шудаам, ки чӣ кор кунам. Ман то ба кай ҳам пул кор мекунаму ҳам гап мешунавам?
Назира, ш. Душанбе
Маслиҳати Оила.ТҶ
Назирабону! Сабаби ҷангу ҷанҷолҳои шавҳаратон дар он аст, ки мард худро дар канори зани муваффақ нотавон эҳсос мекунад. Рақобат дар хуни тамоми мардон ҳаст ва вақте мебинад, ки занаш аз ӯ бештар пул кор мекунад, сахт ба ғазаб меояд. Марди боақл бошад, роҳҳои нав ба нави пулкоркуниро меҷӯяд, то аз дармадан аз ҳамсараш бештар гардад, вале иродаи мард заиф бошад, асабонияти худро бо ҷангу ҷанҷл мебарорад ё даст ба занбозию шаробхорӣ зада, шабҳо аз хона гум мешудагӣ мешавад. Таъкид карданием, ки аксари мардоне, ки занашон аз худашон бештар пул кор мекунад ё вазифаи баландтар дорад, барои таскин додани худ маъшуқа меёбанд.
Барои он ки муваффақияти шумо ба решаи бахтатон теша назанад, боақлона амал намоед. Ба гуфтору рафторатон диққат диҳед, чунки ҳатто як гапи ба назари худатон ночиз метавонад чун корд ба дили шавњаратон халад. Кўшиш кунед, ки аз љойи кор барвақттар омада барои ањли оилаатон ягон хӯрок ё ширинии бомаза пазед. Дар сари дастурхон ба меҳмонҳое, ки ба хонаатон меоянд, бештар дар бораи дастовардњои шавҳаратон нақл накунед. Маошатон аз маоши шавњаратон зиёдтар бошад ҳам, пулдориатонро дар назди худиву бегона намоиш надиҳед. Ба хотири мустањкамии оилаатон муҳаббататонро ба шавњар исбот намоед. Хоњед, ки шавњаратон ба шумо эътимод дошта бошад, дӯст доштанатонро на танњо дар хона, балки дар назди дигарон ҳам нишон дињед. Чанд қоидаро риоя намуда, шумо муносибати шавҳаратонро нисбат ба худ дигаргун месозед ва соҳиби рўзгори хушу осоишта мегардед:
1. Ҳангоми харидорӣ намудани либоси нав на аз дугонаву наздикон, балки аз шавњаратон маслиҳат пурсед.
2. Зуд-зуд хўрокҳои дўстдоштаи шавњаратонро пазед.
3. Дар ҳузури фарзандон ва шахсони бегона бо шавҳаратон баҳсу мунозира накунед.
4. Шавҳаратонро барои ба модар дилбаста буданаш киноя назанед.
5. Ба чизњои шахсии шавҳаратон, аз љумла телефон ва сумкаву китобњояш бе иҷозати ў даст назанед.
6. Фаромўш накунед, ки зуд-зуд таъриф кардани мард ўро нерў мебахшад.