arzon replenishment
ЧАРО МАРДИ 65-СОЛА ХУДРО БА ДАРЁ ПАРТОФТ?
2646


Хушунату зӯроварӣ дар оила, аз байн рафтани ҳурмату эҳтиром, рашк, хиёнат, ишқи бебарор, аз даст додани боварӣ ба ояндаи нек ва дигар мушкилоти печидаи рӯзгор шавқи зиндагиро дар дили иддае аз одамон аз байн бурда, билохира онҳоро ба худкушӣ водор месозад.

Маъмулан занон ва кӯдакони ноболиғ бо сабаби сустиродагӣ аз ӯҳдаи ҳалли мушкилоти ҳаёти худ набаромада, даст ба худкушӣ мезананд, вале дар байни шахсони аз зиндагӣ сершуда аҳён-аҳён намояндагни ҷинси зариф-мардон низ ба назар мерасанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз худкушии боз як марди тоҷик хабар додааст.

Рӯзи 25-май дар ноҳияи Роштқалъа якбра ҷасади ду инсон, ки яке кӯдаки 4-сола ва дигарӣ марди 65-сола буд, аз дарё пайдо намуданд. Тавре ки манбаъ мегӯяд, субҳи 25-уми май, тахминан соатҳо чори саҳар як сокини деҳаи Занизи ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа аз хона баромада, бедарак шудааст. “Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд маълум гаштааст, ки номбурда бо сабабҳои номаълум худро дар оби дарёи Шоҳдара ғарқ кардааст”, - омадааст дар хабар.

Сабаби худро ба дарё афкандани ин марди баркамол маълум нест, вале маъмулан маблағи калон қарз гирифта, дар баргардонидани пул душворӣ кашидан, таъқибу фишор аз ҷониби шахсони алоҳида, хиёнати зан ё сар задани ҳодисаи дигаре, ки боиси косташавии обрӯи мард дар байни мардум мегардад, аз зумраи омилҳое мебошанд, ки ҷавонмардони тоҷикро ба худкушӣ водор месозанд. Бемориҳои рӯҳӣ, дипрессия ва ба ҳолати аъсу навмедӣ афтодан низ метавонад мардро то ба худкушӣ бурда расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД