arzon replenishment
Чаро мард кал мешавад?
988


Аксари занҳо ба мардоне, ки мӯйи сарашон барвақт рехтааст, чандон таваҷҷӯҳ надоранд ва баъзан онҳоро “кал” гуфта, масхара мекунанд, вале бо сабаби рехтани мӯйи сараш мардро кал гуфтан дуруст нест.

Дар асл кал гуфта, шахсонеро дар назар доранд, ки ба як навъ бемории пӯст гирифтор ҳастанд ва дар пӯсти сарашон яраҳои зиёде мебарояд. Имрӯз мо на дар бораи бемории калӣ,балки дар боби мардоне ҳарф мезанем, ки мӯйи сарашон рехтааст.

Чаро сари мард “кал” мешавад?

Аслан рехтани мӯй ба бемориҳои дарунӣ алоқамандӣ дорад. Калшавӣ ва резиши мӯйи сар бештар дар мардоне дида мешавад, ки коркарди ҳормони ҷинсии андроген дар қисмашон нисбат ба ҳамҷинсонашон зиёдтар аст. Кардиологҳо муътақиданд, ки агар мард аз пешонияш кал шавад, бемории дилкасал дорад, гардиши хуни мардони пушти сарашон бемӯй бошад, хеле тез аст.

Калҳои занбоз

Халалёбии кори дилу рагҳои хунгарди он албатта бад аст, вале мардони тоссар аз ҳамҷинсони ҷингиламӯяшон бо он бартарӣ доранд, ки қувваи мардиашон чанд баробар бештар аст. Марди сараш бе мӯйро дида, дарҳол биниатонро инҷ накунед, чунки калҳо дар ҷодаи ишқу муҳаббат “қаҳрамон” ва Дон Жуани ҳақиқӣ ҳастанд.

Занҳо ҳам кал мешаванд?

Дар баробари мардон занон низ метавонанд бо мушкили рехтани мӯй рӯ ба рӯ гарданд. Рехтани мӯйи сар дар бонувон аксаран модарзодӣ мешавад, вале баланд шудани сатҳи ҳормони мардона-тестостерон дар ҷисми зан низ метавонад боиси резиши мӯйи сараш гардад.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар ҷисми зан миқдори муайяни ҳормонҳои ҷинсии мардона мавҷуданд ва ин як амри табиист, вале ин ҳормон аз ҳад зиёд шавад, афзоиши мӯйи сари зан суст мегардад. Зан кал нашавад ҳам, мӯяш тунук мешавад. Рехтани мӯй ҳамчунин бо касалии қанд низ алоқаманд буда метавонад.
Пас аз таваллуди фарзанд як давраи муайян мӯйи зани ба тозагӣ модар шуда мерезад, вале ба зудӣ кокулонаш дубора ҷон мегиранд. Стесси сахт, зарбаҳои пай дар пайи рӯҳӣ, аз даст додани шахси наздик, ғаму андӯҳи танҳоӣ занро кал карда метавонад.

Мӯй не, муҳаббат муҳим аст!

Бонувони азиз! Албатта ҳар як шахс мехоҳад, ки зебо, дилкаш ва пуртароват бошад, вале ҷавонӣ мисли оби равон зудгузар мебошад. Фаромӯш накунед, чизе, ки инсонро дар зиндагӣ хушбахт месозад, ишқу муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмист, на зебоӣ ва мӯйи марғуладор. Марди худро дӯст доред ва эҳтиром намоед, ҳатто агар кал бошад ҳам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД