Хасбулла Магамедов, варзишгар ва блогери шинохтаи доғистонӣ, ки бо тахаллуси Хасбик маъруф аст, дирӯз вориди шаҳри Душанбе шуд. Дар ин бора як нафари наздик ба блогер, ки айни замон ҳамроҳ бо ӯ қарор дорад, ба “Oila” хабар дод.
Ба иттилои манбаи мо, Хасбулла бо мақсади истироҳат ва сайру гашт ба Тоҷикистон омадааст.
“Ӯро як ҳайати русҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Ҳамзамон, блогер аз Дубай ҳамроҳаш тарҷумон овардааст. Хасбик ният дорад, ки табиати дилфиреби Тоҷикистонро тамошо ва дар диёри зебоманзари мо истироҳат кунад”, - гуфт ӯ.
Ба баёни ҳамсӯҳбати мо, имрӯз блогер ба Варзоб рафтааст. Қарор аст, ки ӯ давоми чанд рӯз меҳмони Тоҷикистон шавад. Ин варзишгари шинохта айни ҳол ҳамроҳ бо рафқонаш дар меҳмонхонаи маъруфи “Ҳайат Реҷенси”-и Душанбе истиқомат дорад.
Бояд гуфт, ки Хасбулла 7 июли соли 2002 дар мавзеи маъруфи Махачқалъа ба дунё омадааст. Ӯ дар синни калонсолӣ бо намуди зоҳирии кӯдакона, гуфтори нофаҳмо ва қадди камтар аз 100 см аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекунад. Аз моҳи сентябри соли 2022 вай сафири таблиғоти муҳорибаҳои омехтаи UFC дар Русия мебошад.
Тасмими муҳориба бо блогери шинохта ва овозхони маъруфи тоҷик Абдурозиқ ба Хасбик маъруфияти бештар овард. То моҳи ноябри соли 2022 видеои нишасти матбуотии ин ду муборизи эстрада дар саҳифаи Асҳоб Тамаев беш аз 17 миллион тамошобин пайдо кард.
Баҳори соли 2023 Магомедов ба Иёлоти Муттаҳида сафар карда, дар он ҷо бо роҳбари UFC Дана Уайт мулоқот кард, бо боксёри шинохта Майк Тайсон суҳбат кард. Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмагомедов, “Хасбик дар Амрико назар ба Русия машҳуртар аст”.
Ин блогер дар миёни корбарони фаъоли интернет, махсусан, сегменти тоҷикии он маъруфияти зиёдеро бархӯрдор аст.