Тӯйи арӯсиву домодӣ дар ҳаёти ҳар як инсон яке аз беҳтарин ва ширинтарин рӯйдодҳо ба ҳисоб меравад, вале рӯз то рӯз зиёдтар шудани хароҷотҳои тӯёна миёни навхонадоронро “мешиканад”. Аксаран ба хотири бо обрӯ гузаронидани тӯй волидон маҷбур мешаванд, ки қарзу қаволаи зиёде карда, келин фароранд, баъди гузаштани базми арӯсӣ бошад, домоди хушбахт ба ҷойи моҳи асал Русия мардикорӣ меравад, то ки қарзи тӯйро канад.
Сабабҳои торафт қиматтар шудани арӯсӣ хеле зиёданд. Аввалан духтардорҳо ба шавҳар додани духтарашонро ба як навъ “бизнес”табдил дода, қалинро торафт баланд мебардоранд. Ба таври мисол, агар чанд сол қабл барои арӯс ҳамагӣ 20-25 ҳазор сомонӣ қалин медоданд, ин рақам акнун ба 40-50 ҳазор сомонӣ расидааст. Волидон баланд бурдани қалинро ба зиёд будани хароҷоти худ рабт медиҳанд, яъне барои бо обрӯ ба хонаи бахташ гусел кардани духтар барояш ҷиҳози арзанда харидан лозим. Барои хариди ҷиҳози хуб ва босифат бошад, пули зиёд даркор аст.
Омили дигаре, ки боиси торафт миёншикан гаштани тӯйҳои арӯсӣ мешавад, ин “мӯд” аст. Солҳои қаблӣ барои арӯс як гилему чанд кӯрпа ва як ҷевон кифоя буд, вале анун арӯсҳо бояд ҷиҳози хонаро ба пуррагӣ-шурӯъ аз чойнику пиёлаву қошуқу панҷшоха, то гарнитури хориҷию мошинаи ҷомашӯиву чангкашаку телевизору кондинсионер дошта бошанд, то баъдан дар хонаи шавҳар мавриди эрод ва таънаву маломати хушдоману хоҳаршӯй ва дигар хешу табори домод қарор нагиранд.
Сабаби сеюми гароншавии қимати тӯй хизматрасонии тарабхонаҳост. Имрӯз барои гузаронидани шоми арӯсӣ дар дилхоҳ тарабхонаи шаҳр барои ҳар як меҳмон на камтар аз 200 сомонӣ талаб мекунанд. Ин дар ҳолест, ки базм ҳамагӣ 3 соат давом мекунад.
Боз як сабаби дигари афзоиши хароҷоти тӯй ин баланд рафтани ҳаққи хизмати сарояндагон мебошад. Зеби тӯй доира гуфтаанд, вале барои он ки маҳфил хотирмон гузарад, тӯйдор бояд маблағи мехостаи ҳунармандонро пардохт намояд.
Ниҳоят сабаби панҷуми қимат шудани хароҷоти тӯй ин болоравии нарху наво дар бозор мебошад. Имрӯзҳо натанҳо арзиши маҳсулоти хӯрока,балки сару либос низ ба осмони ҳафтум дакка хӯрда, як куртаи оддитарини арӯсӣ аз 1000 сомонӣ бештар арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки ба арӯс на камтар аз 8-10 курта ва бар замми ин, палтову жемпиру борониву чанд ҷуфт пойафзол ва ороишоти зиёде харидан лозим меояд...
Ҳамин тавр барои гузаронидани як базми арӯсӣ дар Тоҷикистон имрӯзҳо 80-100 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст, ҳол он ки музди миёнаи меҳнат ҳамагӣ 1500-2000 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳама аламовараш он аст, ки бо чунин хароҷотҳои миёншикани тӯй на ҳамеша арӯсӣ бобарор сурат мегирад. Ҳолатҳое мешаванд, ки ҳанӯз қарзи тӯйро наканда, арӯсак қаҳр карда аз хонаи шавҳараш баромада меравад ё бо ҳамдигар мувофиқ наомадани ситораҳои келину домод боиси вайроншавии оилаи ҷавон гашта, болои сӯхта (қарзу қаволаи тӯй) намакоб мепошад.
Ф. САТТОРӢ