Дирӯз дар маршрутка ҳодисаи аҷибе рӯй дод. Келинчаке дар ҳузури одамони зиёд раҳораҳ ба дугонааш хушдоманашро ғайбат мекард. Гуноҳи хушдоман чӣ будааст?
Мегуфтааст, ки ба тозагии хона хуб аҳамият деҳ, сарфаю сариштакориро омӯз. Суханҳои маъмулие, ки ҳар модар ба фарзандаш аз хурдсолӣ таъкид мекунад. Суханони келинчакро гӯшкунон худ ба худ андеша мекардам, ки агар ба хушдоманаш ҳам ҳамин тавр маҳмадоноӣ карда ба рӯяш медавида бошад, пас вой бар ҳоли он хушдоманибечора ...
Хулоса, баъди тамом кардани гапаш насиҳатомез гуфтам, ки духтарам, хушдоман ҳам модар аст ва фақат ба хотири роҳу равиши зиндагиро омӯхтан келинро насиҳат мекунад, масалан худи ман ҳам чор келин дорам, лекин то имрӯз аз ягонтоашон ҳарфи баде нашунидаам.
Ба келиндориям 20 -сол шуда бошад, дар давоми 20-сол як бор ҳам бо келинҳоям ҷанг накардаем. Ҳар чизе, ки мегӯям, хуб гуфта, аз пайи ислоҳи хатояшон мешаванд. Байни авсунҳо ҳам ҷангу нофаҳмӣ ҳаст, вале шукри худо келинҳои ман апаву хоҳар баринанд.
Ҳамеша ҳамдигарро иззату ҳурмат мекунанд. Ман низ онҳоро аз духтаронам боло медонам, ки паст не. Дар ҷавоб арӯсак ҳозирҷавоб бидиррос зада, кинояомез гуфт:
-Ҳама мисли шумо фаришта не-дия!
Аз ин хулоса баровардам, ки айби келинҳо ҳам кам нест. Аслан, айби мо калонсолон,ки ба фарзандонамон оиладориро намеомӯзем.
Келинҳои азиз!
Ҳеҷ гоҳ хушдоманатонро аз қафояш ғайбату бадгӯӣ накунед. Кӯшиш намоед, ки бо меҳру муҳаббат дилашро ба даст оред. Хушдоман ҳам модар аст. Ӯ ҳам дил дорад. Дили бузурги хушдоман моломоли меҳру муҳаббат аст., аммо на ҳар кас инро дарк мекунаду мефаҳмад. Ҳар модаре, ки ба хонаи духтардор ба хостгорӣ меравад, аввалин ҳарфаш ин аст "ман духтаратонро ҳамчун духтари худ қабул кардам". Келинҳо низ вақти ба хонаи шавҳар қадам гузоштан, хушдоманро ҳамчун модар қабул мекунанд ва зимни муроҷиат оча, бува ё ая гӯён, садо мекунанд.
Пас ҳар хушдоман ҳақ дорад, ки ба келинаш чизҳои намедонистаашро омӯзонад, хатояшро бигӯяд, ҳатто танбеҳ диҳад, то зиндагидориро омӯзад. Ин суханҳоро ба он хотир мегӯям, ки аксари келинчакҳо ҳамин, ки якҷоя шуданд, дарҳол ба ғайбати хушдоман сар карда, хатову гуноҳи худро намебинанд. Наход хушдоман (модар) барои келинаш, барои ҳамсару ҳамумри фарзандаш бадие хоҳад?!
Хушдоманҳои азиз!
Шумо ҳам ба қадри келинҳоятон расед. Ба онҳо муҳаббати модари диҳед. Онҳоро бо меҳру муҳаббат парвариш карда бо кадоми ширин фарёд кунед, он гоҳ зиндагиатон ширин ва оилаи фарзандонатон мустаҳкам мешавад.
Бо эҳтиром: як хушдомани хушбахт