shoh palace
Чаро кӯдакони мо тарсуанд?
2934

Озодандешӣ дар ҷаҳони муосир нақши муҳим ва созанда дорад. Инсоне, ки ҷуръати озодона баён намудани фикру ақидаашро надорад ва дар гапзанӣ мавқеи худро ҳифз карда наметавонад, дар ҷомеаи имрӯз умуман муваффақ шуданаш бисёр душвор хоҳад гашт.

Мутаасифона, гоҳо ҳатто бачаҳои босавод ва лаёқатманд ҳам дар ибрози нуқтаи назари худ дармемонанд ва фикрашонро озодона баён карда наметавонад. Сабаб чист ва барои тарбияи озодандешӣ дар наврасону ҷавонон чӣ бояд кард?
Сари ин мавзӯи муҳим бо равоншинос, устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алиҳмад Ёраҳмадов суҳбате доштем, ки фишурдааш пешкаши шумо мегардад.

- Аксари наврасону ҷавонони тоҷик ҷуръат ва маҳорати баён кардани фикру ақидаи худро надоранд? Сабаби инро шумо ҳамчун равоншинос чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Тарбияи озодадешӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳим ва актуалии ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад, зеро натанҳо наврасону ҷавонон, балки ҳатто баъзе бонувону ҷавонмардони чорпаҳлӯи дар идораҳои бонуфуз кор мекарда низ ин мушкилиро доранд. Ба назди ман ҳамчун равоншинос чандин нафар омада, аз он шиква намуданд, ки дар назди роҳбарон худро гум карда, фикру андешаашонро озодона баён карда наметавонанд ва аз худ дифоъ карда натавониста, зери танқиду маломат мемонанд. Вақте мепурсам, ки дар кӯдакӣ бо падару модаратон озодона суҳбат карда метавонистед ё не, онҳо иқрор мешаванд, ки волидонашон ҳамеша ба даҳонашон зада, имкон намедоданд, ки бе ибо андешаи худро бигӯянд.

-Гуфтаниед, ки ин иллат решаҳои чуқур дорад?
-Бале, пойдевори шахсияти инсон аз даврони кӯдакӣ маншаъ мегирад ва тарбияи озодандеширо дар шахс маҳз аз ҳамин айём сар кардан лозим аст. Ташаккулёбии шахсияти кӯдак чанд зина дорад ва ҳар як давраи он муносибати хосаро тақозо мекунад, аммо аксари падару модарон аз ин нозукиҳо хабардор нестанд ва дар тарбияи фарзандони худ ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ медиҳанд.

-Ин зинаҳо кадомҳоянд ва барои тарбияи дурусти кӯдак чӣ бояд кард?
-Майнаи сари тифли навзод мисли китоби нонавишта ва ё варақи сафед аст ва ҳар як садо, ҳар як сухан, ҳар як рафторе, ки дар атрофи кӯдак рӯй медиҳад, дар он як нуқта мегузорад. Дар ин давра волидон, хоса модар бояд бо тифл муносибати бисёр наздики эмотсионалӣ дошта бошад. Мутаасифона, аксари занҳои тоҷик бо андешаи он ки тифли навзод ҳанӯз чизеро намефаҳмад, вазифаи худро танҳо дар сер кардани шиками тифл ва нигоҳубини ӯ дониста, ба кӯдак аз нигоҳи эмотсионалӣ чандон эътибор намедиҳанд. Давраи дуюм буҳрони сесолагӣ ном дорад. Дар ин давра ташаккулёбии шахсияти кӯдак оғоз меёбад ва бача барои дарёфти “Ман”-и худ талош менамояд. Дар ин синну сол якравии кӯдак зиёд шуда, ба калонсолон гӯш намедиҳад ва кӯшиш менамояд, ки гапи худро гузаронад. Аксари волидон бо сабаби хусусиятҳои психологияи кӯдакро надонистан ба инҷиқиҳои фарзандашон тоб наоварда, бачаро сарзаниш мекунанд, метарсонанд ва ҳатто мезананд. Шикасти равонии кӯдак аз ҳамин ҷо сар мешавад. Вақте ки падару модар бо роҳи зӯрӣ “ман”-и кӯдакро мешикананд, худбаҳодиҳии ӯ паст мешавад.

-Синои бузург низ таъкид кардааст, ки тарбияи тифлро аз рӯзи нахустини ба дунё омаданаш бояд оғоз кард...
-Оре, дар ҷои дигар Абу Алӣ ибни Сино мегӯяд, ки то ҳафтсолагӣ кӯдак шоҳ аст ва падару модар бо ӯ бояд чун бо шоҳ муносибат намоянд.


Падардорони бепадар: Назаре ба рӯзгори кӯдакони оилаҳои муҳоҷир


-Магар бо кӯдак ҳамчун бо шоҳ муносибат намудан боиси эркаю худпараст шудани бача намегардад?
-Бо кӯдак мисли шоҳ муносибат намудан маънои эрка кардани фарзандро надорад. Волидон бояд талаботҳои моддиву маънавии фарзандони худро қонеъ гардонанд,яъне ба саволҳои кӯдакон ҷавобҳои дақиқ дода, барои фарқ кардани кори нек аз кори бад ёрӣ расонанд, вале дар изҳори муҳаббат ба кӯдак андозаро нигоҳ доранд. Муҳаббат бояд на кам ва на барзиёд бошад, чунки муҳаббати аз ҳад зиёд низ боиси вайрон шудани тарбияи кӯдак мегардад.

-Бо наврасон ва ҷавонон аз нигоҳи психологӣ чӣ гуна бояд бархурд намуд?
-Дар давраи наврасию ҷавонӣ волидон бояд бо фарзандони худ мисли дӯст рафтор карда, дар таҳлил ва баҳогузории ҳар як вазъияти баамаломада кӯмак расонанд. Ба насли наврас дар ҷомеа чӣ гуна рафтор кардан, бархӯрд ба вазъиятҳои гуногун ва роҳи баромадан аз онҳо, ҳамчунин бар дӯш гирифтани масъулиятро барои ҳар як амал ва рафори худ омӯзонидан лозим аст. Ин барои рушди онҳо ҳамчун шахсият ёрӣ мерасонанд. Ҳар қадаре, ки муҳити хонаводагӣ озод бошад, ҳамон андоза дар наврас ҳисси озодандешӣ, мустақилӣ ва масъулиятшиносӣ ривоҷ ёфта, минбаъд фикру андешаи худро дар куҷое, ки набошад, озодона баён менамояд ва дар ҷомеа аз мавқеи худ дифоъ карда метавонад.

-Вақтҳои охир байни кӯдакон ва калонсолон, хоса волидон нофаҳмиҳои зиёде ба миён омада, боиси аз хона баромада рафтан, рӯ ба оворагардӣ овардан ва ҳатто даст ба худкушӣ задани ноболиғон мегардад. Сабаб чист?


Нозукиҳои тарбияи психологии кӯдакон аз назари равоншинос


-Сабаби ин ҳама нофаҳмӣ ва моҷароҳо дар муносибати нодурусти психологӣ бо кӯдакону наврасон мебошад. Аксари падару модарон худро оқилу доно тарошида “ман таҷрибаи бойи зиндагӣ дорам ва худам барои фарзандам психолог ҳастам” мегӯянд. Эҳтимол таҷрибаи зиндагӣ инсонро то ҷое психолог месозад, аммо дар чунин ҳолатҳо панду насиҳат ба кор нарафта, ёрии психологии касбӣ зарур аст.

-Ҳамчун равонишнос дар масъалаи тарбияи озодандешӣ ва масъулиятшиносӣ дар кӯдакону наврасон ба волидон чӣ маслиҳат медиҳед?
-Ман ҳамчун равоншинос ба падару модарон ду маслиҳат медиҳам. Якум: Бештар китоб хонанд, хоса китобҳое, ки ба мавзӯи психология дахл доранд. Дониши психологӣ дар тарбияи атфол нақши муҳимро мебозад, зеро чӣ гуна шакл гирифтани ояндаи фарзандони шумо аз тарбияи психологие, ки дар оила гирифтаанд, сахт вобастагӣ дорад. Дуюм: Дар ҳолати ба миён омадани баҳс ва моҷаро байни кӯдак ва падару модар бо роҳи зӯрӣ аз ҷиҳати равонӣ иродаи фарзанди худро нашикаста, ҳатман ба равоншиносони оилавӣ муроҷиат намоянд. Равоншинос сабабҳои вазъияти ба амал омадаро таҳлил намуда, ба шумо ва фарзандонатон барои баромадан аз ҳолат ёрӣ мерасонад. Фаромӯш насозед, ки шикасти равонии кӯдак ё наврас боиси паст шудани ҳисси худшиносӣ ва худбаҳодиҳияш гашта, тарсу ҳароси ботинӣ дар майнааш ҷо мегирад ва минбаъд наметавонад озодона фикру андешаашро баён намуда, аз ҳуқуқ ва мавқеи худ дар ҷомеа дифоъ намояд.
-Ташаккур барои суҳбати бисёр ҷолиб ва судманд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД