Arzon march 2024
Чаро кӯдакон доначаҳои сурхак мебароранд?
08.05.2024
Махина
1502

 

Кӯдак дар моҳҳои аввали ҳаёт барои модар навгониҳои зиёд меорад, ки яке аз он пайдо шудани доначаҳои сурх дар рӯи тифл мебошад.

сурати 1

Намудҳои доначаҳои сурхак

Доначаҳои сурхак намудҳои гуногун доранд. Дар ҳафтаҳои аввали ҳаёт пайдо шудани чунин доначаҳо хусусияти табиӣ дошта, чандон хатарнок нест, вале чунни доначаҳо дертар пайдо шаванд, ҳатман ба духтур муроҷиат кар дан лозим аст, зеро ин метавонад нишонаи ягон беморӣ бошад.

Эритемаи токсикии навзод

Дар илми тиб чунин намуди доғҳоро эритемаи токсикии навзод (Токсическая эритема новорожденных) мегӯянд, ки дар натиҷаи он дар рӯйи кӯдак доғҳои сурх ва доначаҳо падид меояд. Чунин ҳолат дар рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак бештар дида мешавад. Доначаҳо аввал дар рӯй пайдо шуда, бадан дар дигар узвҳои кӯдак, аз ҷумла дар кафҳои пой ва дастон паҳш мешаванд. Ин ҳолат барои саломатии кӯдак безарар буда, худ ба худ мегузарад.

сурати 2

Акнеи навзод

Акнеи навзод (нарак) дар рӯйи кӯдак ба шакли гулӯлаҳои сурх ё сафед ё пустулаҳопайдо шуда, аксаран дар гардан, китф ва қафаси синаи кӯдак мебарояд. Ин ҳолат аз миёна то охири моҳи аввали ҳаёт пайдо шуда, то чормоҳагӣ худ аз худ доначаҳо гум мешаванд. Акнеи навзод ба кӯдак нороҳатӣ намеорад ва табобати махсусро талаб намекунад. Модаронро зарур аст, ки пӯсти кӯдакро хуб нигоҳубин намуда, аз нармкунандаҳо истифода баранд.

Дар хотир дошта бошед, ки зер кардани доначаҳои кӯдак мумкин нест! Бояд интизор шавед, акне худ аз худ нест мешавад.

сурати 3

Гармии шадид

Доначаҳое, ки аз шидати гармӣ пайдо мешаванд, дар ҷойҳои маъмултарин-гардан, сар, рӯй, тан пайдо мешаванд. Барои пешгирии чунин доначаҳо ба кӯдак либосҳои пахтагин пӯшонида, навзодро тез-тез оббозӣ даровардан лозим аст.

сурати 4

Доғ ё аллергия?

Аксар вақт, ҳама гуна доғ дар кӯдак ба аллергия мансуб мешавад. Дар натиҷаи ягон ғизои нофорам истеъмол кардани модар, аз таъсири хокаҳои ҷомашӯӣ ва дигар омилҳо дар бадани кӯдак чунин доначаҳо пайдо шуда метавонанд. Барои фарқ кардани аллергия аз дигар намудҳои доноча ё доғ ба духтури кӯдакона муроҷиат намудан лозим аст.

Кай кӯдакро бояд ба духтур бурд?

Волидон, ба хусус модарон бояд нисбати кӯдаки навзод бештар таваҷҷуҳ намоянд ва тағйир ёфтанашро зери назорат бигиранд. Чанд нуқтаро дарҷ мекунем, ки бояд модарон дар чунин ҳолатҳо ба духтури кӯдакона муроҷиат намоянд:

-Доғҳо бо табларза ва дигар аломатҳои катарралӣ, яъне сулфа, оби бинӣ, сурхшавии чашм дида мешавад.

- Доначаҳои бадани кӯдак об мебароранд, ранги доначаҳо сурхи баланд шуда, қабати сафед пайдо мекунад, ки онро дараҷаи дуюми сироятӣ мегӯянд.

-доначаҳом сурх аз мавзеи памперс зиёд паҳн мешаванд

-дар макони доғ харошидаҳои шадид пайдо мешаванд.

-пас аз 3-5 рӯзи табобат дар хона аломатҳои беҳбудиро намебинед

Модарони гиромӣ дар ҳама ҳолат нисбати тағйироти кӯдакатон бепарво набошед ва барои аз байн бурдани ҳолати ногувор аз тавсияҳои ҳамсоя ва хешу табор истифода набурда, ба духтури кӯдакона муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД