Arzon march 2024
Чаро кӯдакон ба касалии сил гирифтор мешаванд?
2315

Бори аввал чӯбчамикроби силро соли 1877 Роберт Кох кашф карда буд, вале ин беморӣ садсолаҳо қабл низ вуҷуд дошт. Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Тутанхамон, яке аз машҳуртарин императорҳои Миср дар давраи кӯдакиаш ба бемории сил гирифтор шуда, қариб ин дунёро падруд гуфта будааст.

Табибон дар ҳама давру замонҳо бо ин беморӣ муборизаи беамон мебаранд, вале ба ин нигоҳ накарда, сил гоҳ дар як минтақаву гоҳ дар минтақаи дигар аз худ дарак медиҳад ва баъзан кӯдакони аз гул ҳам нозуктарро ҳадафи хеш қарор медиҳад. Сабаби пайдоиши ин беморӣ дар чист? Бо кадом усулҳо бо сил метавон мубориза буд? Сари ин мавзӯъ суҳбате дорем бо доктори илмҳои тиб, профессори кафедраи фтизео -пулмонологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Умринисо Сироҷиддинова.

-Бемории сил бештар ба кадом тоифаи кӯдакон таҳдид менамояд?

-Пеш аз ҳама хатари гирифтор шудан ба ин касалӣ ба кӯдаконе таҳдид менамояд, ки дар оилаашон ягон шахси гирифтори касалии сил ҳаст. Азбаски системаи муҳофизатии организми кӯдакон нисбат ба калонсолон сусттар аст, онҳо хеле зуд аз ин беморӣ сироят меёбанд.

-Эмгузаронӣ бар зидди касалии сил, ки маъмулан дар 3-5 рӯзагии кӯдак дар таваллудхона гузаронида мешавад, то кадом андоза хавфи ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдакро кам мекунад?

-Гузаронидани ваксинаи БЦЖ-яке аз роҳҳои пешгирии касалии сил буда, тибқи омори расмӣ 98-99%-и навзодон ин ваксинаро мегиранд. Эмгузаронӣ хавфи гирифтор шудани кӯдакро ба касалии сил хеле кам мекунад. Дар сурати ба ин касалӣ гирифтор шудан низ шахсе, ки дар кӯдакӣ ин ваксинаро гирифтааст, бемориро нисбатан осонтар пушти сар менамояд. Гузаронидани ваксинаи зидди сил дар баробари пешгирии касалии сил, ҳамчунин кӯдакро аз дигар бемориҳои ниҳоят вазнину хавфнок эмин медорад.

-Зане, ки ба касалии сил гирифтор аст, агар ҳомиладор шуда, фарзанд ба дунё биёрад, метавонад кӯдакашро шири сина диҳад?

-Дар ин ҳолат тавсияи мо, табибон ҳамин аст, ки давоми ду ҳафтаи аввали пас аз таваллуд кӯдак аз модараш ҷудо нигоҳ дошта шавад. Модар ҳуқуқи ба тифлаш шир додан дорад, аммо вақти макондани кӯдак бояд ниқоб-маска пӯшад, то ки беморӣ ба фарзандаш нагузарад.

-Чаро маҳз ду ҳафта?

-Дар ин муддат ба кӯдак ваксинаи зидди бемории сил гузаронида мешавад ва организми тифл ба муқобили ин беморӣ истодагарӣ карда, аз сироятёбӣ дар амон монда метавонад.

-Кӯдак дар батни модар аз бемории сил сироят ёфта бошад, пас аз таваллуд ӯро табобат кардан мумкин аст ё не?

-Кӯдак дар батни модар сироят намеёбад. Сироятёбӣ дар батни модар ниҳоят кам аст. Вақте ки узвҳои ҳамроҳак ба сил гирифтор шуда бошанд ва кӯдак оби дохилираҳмиро фурӯ барад, дар ин ҳолат метавонад ба сил мубтало гардад.

-Ба сил гирифтор шудани кӯдакро аз чӣ фаҳмидан мумкин аст? Нишонаҳои нигаронкунандаи беморӣ кадомҳоянд?

-Сулфаи дурудароз, яъне зиёда аз 3 ҳафта, ҳарорати баланд баъд аз нимаи дуюми рӯз, дар балғам пайдо шудани хун, беқувватӣ, бемадорӣ, арақкунии шабона ба сил хос буда, ҳангоми чунин нишонаҳо фавран ба духтур муроҷиат кардан лозим аст.

-Муолиҷаи кӯдаконе, ки ба касалии сил гирифтор шудаанд, мисли калонсолон шаш моҳ давом мекунад ё камтар?

-Вобаста ба шакли беморӣ муолиҷаи кӯдакон аз 6 то 8-моҳ давом мекунад. Кӯдак сили мағзи сар дошта бошад, даҳ моҳ табобат мегирад. Сили шуш одатан дар шаш моҳ шифо меёбад.

-Модару кӯдак ҳарду ба касалии сил гирифтор бошанд, метавонанд як доруро истифода баранд?

-Вақте шахс ҳамчун бемори гирифтори сил ба қайд гирифта мешавад, ба ӯ барои шаш моҳи муолиҷа дорувор таъин мекунанд. Доруҳоро ду тақсим кардан мумкин нест, чунки онҳо танҳо барои як нафар муқаррар гаштаанд. Бемор, агар доруҳои фармудашударо сари вақт нагирад, шифо намеёбад. Аз ҳамин сабаб духтур ба ҳар як бемор алоҳида дорувор таъин мекунад.

-Ёд дорам, пештар табибон ба мактабҳои миёна омада, барои фаҳмидани он ки чанд нафар аз толибилмон ба касалии сил гирифторанд, ташхиси МАНТУ мегузарониданд. Ин намуди ташхис вуҷуд доштани бемории силро сад дар сад аниқ карда метавонад ё не?

-МАНТУ танҳо як навъи ташхис аст. Барои дақиқ муайян кардани мавҷуд будани ё набудани сил ҳатман ренген кардан лозим аст. Рентген манбаи асосии бемориро нишон медиҳад. Санҷиши балғам низ муҳим аст.

-Хатарноктарин навъи сил кадом аст?

-Соли 2015 дар Тоҷикистон силҳои ғайришушӣ 30%, сили шушӣ 70 % -ро ташкил карда буд. Сабаби бештар паҳн гаштани сили шуш дар он аст, ки бо қатраҳои оби даҳон ва балғаме, ки беморон дар сари роҳу рӯйи роҳ туф мекунанд, касалӣ паҳн гашта, ба атрофиён сироят менамояд. Аз нигоҳи шиддати паҳншавӣ сили шуш хавфноктар аст.

-Дар қиёс бо солҳои гузашта бемории сил дар байни кӯдакон афзун гашта истодааст ё баръакс сол то сол нисбатан камтар мешавад?
-Бемории сил сол то сол кам шуда истодааст, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги соҳаи тиб мебошад. Аз 2007 дар ҷумҳуриамон барномаи дурнамои ДОТС ворид карда шуд, ки мақсади он дарёфти беморони хориҷкунандаи микробҳои сил ва табобати онҳо буд. ДОТС ба нишондодҳои хуб ноил гашт. Аз соли 2009 то соли 2015 90%-гирифторшавӣ ба беморӣ коҳиш ёфт ва дараҷаи вазнини беморӣ низ нисбатан камтар шуд.

-Падар ё модар ба бемории сил гирифтор бошанд, барои пешгирӣ намудани сироятёбии кӯдакони ин хонавода чӣ чораҳо андешида мешаванд?

-Пеш аз ҳама шахси хориҷкунандаи микроби беморӣ аз аъзоёни солими хонавода ҷудо ва дар беморхона бистарӣ карда мешавад. Бемороне, ки ба қайд гирифта мешаванд, аҳли оилаи онҳо низ ҳамчун оилаи сироятёфта таҳти назорати духтурони силшинос қарор гирифта, ба онҳо табобати пешгирикунанда гузаронида мешавад.

-Табобати пешгирикунанда гуфта, чиро дар назар доред?

-Ин намуди муолиҷаро химио-профилактика мегӯянд. Бо мақсади пешгирии касалӣ танҳо як дору, ки “Изеоназит” ном дорад, ба аҳли оилаи шахси ба сил мубтало таъин карда мешавад.

-Мегӯянд, ки сил касалии авлодӣ аст....?

-Барои санҷидани он ки сил бемории ирсӣ аст ё не, олмони Фаронса таҷриба гузаронида кӯдаконро ба ду гурӯҳ тақсим карданд. Ба гурӯҳи аввал кӯдаконеро шомил намуданд, ки дар авлодашон гирифторони бемории сил буданд, дар гурӯҳи дуюм бошад, кӯдакони аз нигоҳи ирсӣ солимро муттаҳид намуданд. Бачаҳои ҳарду гурӯҳ дар як хел шароит нигоҳ дошта мешуданд, вале ҳам аз байни гурӯҳи якум ва ҳам аз байни гурӯҳи дуюм кӯдакон ба ин беморӣ мубтало гаштанд.

-Барои пешгирии бемории сил ба модароне, ки кӯдакони хурдсол доранд, чӣ тавсия медиҳед?

-Кӯдак ҳар қадар ғизоҳои сервитамин хурад, ҳамон қадар организмаш бақувват гашта, масъунияти баданаш баланд мешавад, аз ҳамин хотир ба модарон тавсия медиҳам, ки ба фарзандонашон бештар ғизои сервитамин диҳанд. Шарт нест, ки аз дорухонаҳо витамин харед, витаминҳои табиӣ дар таркиби меваю сабзавоти тару тоза бисёранд. Дар баробари ин, кӯдак бояд бештар дар ҳавои тоза гашту гузор карда, ҳамеша тозаю озода гардад. Ҳар қадаре, ки фарзандатон тозаю озода ва шикамаш серу ҷисмаш пурқувват бошад, ҳамон андоза аз бемории сил дар амон мемонад. Саломатии фарзандонатон дар дасти шумост модарони азиз, кӯдаконатонро ҳамчун гавҳараки чашмонатон эҳтиёт намоед!

Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД