Нафси бад–балои ҷон гуфтагӣ барин, чанд сол пеш фикри бо роҳи осон соҳиби пули калон гаштан маро бо як гурӯҳ нашъаҷаллобон рафиқ кард. Нақша доштам, ки ду-се маротиба «бор» бурда, чор ишкели зиндагиамро бутун месозам ва баъди худамро гирифтан аз баҳри нашъаҷаллобӣ мебароям, вале хаёлам хом баромад.
Бо пули нашъа хонаю дар сохтам, зан гирифтам, мошин харидам. Акнун дигар ба пул ниёз надоштам ва мехостам ягон мағоза кушода, одам барин зиндагӣ кунам, вале шариконам маро ба ҳоли худ намонданд. Сардори гурӯҳ занг зада, талаб кард, ки фавран чипта харида ба Маскав парвоз кунам, зеро «бор»-ро гузарониданам лозим. «Роҳи ману шумоён аз ин пас ҷудост» гуфта гӯшакро монданӣ будам, аммо «наркобарон» бо ғазаб таҳдид намуд: «Ҳой сағера, ба хубӣ биё, набошад одам мефиристам, сари падаратро дар пеши чашмат аз танаш ҷудо мекунад!» Бо шунидани ин гап маро обу арақ зер кард, зеро медонистам, ки ин таҳдиди хушку холӣ нест, аз дасти одаме, ки «дар рӯйи пул роҳ мегардад» ҳар кор меояд.
Ночор роҳи фурудгоҳро пеш гирифта, чипта харидаму худи ҳамон рӯз ба Русия парвоз кардам. Барои густохӣ хеле сарзаниш шунида бошам ҳам, чизе нагуфта, аз пайи иҷрои супориш шудам. Бадбахтона маро дар шаҳри Саратов боздошт намуданд. Азоби 21 соли зиндонро ба гардан гирифта, рафиқонамро нафурӯхтам, зеро бароям чун рӯз равшан буд, ки агар рози гурӯҳро ифшо намоям, зинда намемонам. Падарам хабари ба зиндон афтиданамро шунида ба дарди дил-инфаркт гирифтор шуд. Акнун дар паси панҷара нишаста симои зебои ҳамсарам ва писарчаи баъди маҳбус шудани ман ба дунё омадаро пеши назар оварда, хуни дил мехурам, вале пушаймонӣ дигар суде надорад!
Исроил, маҳбус аз шаҳри Новосибирск.