Субҳи 23-ноябр намояндаи минтақавии Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Ханс Фридрих Шоддер ба намояндагони васоити ахбори омма оид ба вазъи гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон брифинг пешниҳод намуд.
Дар оғози чорабинӣ ҷаноби Шоддер қайд кард, ки Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо ва Агентии СММ оид ба кор бо гурезагон аз ихроҷи паноҳандагони афғон аз хоки Тоҷикистон дар ташвиш аст. Ҳафтаи гузашта, аниқараш санаи 11-ноябр 11нафар гурезаҳои афғон, ки ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, аз қаламрави кишвар ихроҷ карда шуда, ба таври иҷбори ба Афғонистон бар гардонида шуданд. Ихроҷи гурезаҳо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ҳанӯз дархости эшон барои гирифтани паноҳгоҳ мавриди баррасӣ қарор нагирифта буд. Ҷаноби Ханс Фридрих Шоддер қайд кард, ки албатта ҳар як кишвар ҳақ дорад масъалаи ворид шудан ё нашудани афроди беруна, аз ҷумла гурезаҳоро ба қаламрави худ мустақилона ҳаллу фасл намоянд, аммо бо дарназардошти даргириҳои шадид ва вазъи ташвишбори мардум дар Афғонистон ихроҷ намудани гурезаҳое, ки аз тарси ҷон аз ин кишвари ҷангзада ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, хуб нест.
Дар посухи саволи хабарнигорон дар боби сабабҳои ихроҷи гурезаҳои афғон аз Тоҷикистон ҷаноби Шоддер гуфт, ба ин суол танҳо мақомот ҷавоб гуфта метавонанд, зеро гурезаҳои ихроҷшуда, ки дар байнашон занону кӯдакон низ буданд, ба тозагӣ ба Тоҷикистон омада буданд ва ягон қонуншиканӣ накардаанд.
Ба гуфти ин намояндаи минтақавии Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо имрӯз ҳудуди 12000 гурезаҳо аз Афғонистон дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд, ки 50%-и онҳо баъди ҳаводиси хунини охир дар ин кишвар ба сарзамини тоҷикон паноҳ овардаанд.
Қаблан дар масъалаи буду боши гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон ягон мушкилот пеш намеомад, аммо шурӯъ аз моҳи июл мақомотҳои маҳаллӣ додани маълумотнома аз ҷойи истиқоматро ба гурезаҳое, ки ба тозагӣ ба қаламравӣ Тоҷикистон ворид шудаанд, манъ карданд, бар замми ин, Комиссияи давлатӣ оид ба пешниҳоди мақоми гуреза, дида баромадани дархостҳои гурезаҳоро барои гирифтани паноҳгоҳ қатъ намуд. Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони иҷборӣ ё гурезаҳо бидуни ин ду ҳуҷҷат наметавонанд соҳиби мақоми паноҳанда гарданд...
Дар посух ба саволҳои хабарнигорон дар боби ташкил кардани лагери гурезаҳо ва маблағгузорӣ барои бунёди инфросохторҳои он ҷаноби Шоддер гуфт, Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон ҷонибдори ташкили чунин лагерҳо нест.
”Лагер гурезаҳоро аз ҷомеа ҷудо, яъне “иззолятсия” мекунад ва онҳо наметавонанд як зиндагии комил ва оромиши хотир дошта бошанд. Мо мехоҳем, ки гурезаҳо аз ҷомеа канда нашаванд, дар байни мардум умр ба сар баранд, фарзандонашон аз таҳсил дур намонда, ҳамроҳи фарзандони тоҷикон ба мактабҳои маҳаллӣ раванд, аз хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ озодона истифода баранд ва тавонанд, ки кор карда ҳаёти худро мустақилона пеш баранд,”-ин мавзӯъро шарҳ дода, мегӯяд ҷаноби Ханс Фридрих Шоддер.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Мулугепа Зевди, намояндаи Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ширкат дошт ва дар посух ба саволҳои хабарнигорон дар боби кӯмакҳое, ки аз ҷониби ташкилот ба гурезагон расонида мешаванд, чунин гуфт:
-Айни замон масъалаи аз ҳама муҳим барои гурезаҳо аз Афғонистон ин зимистонгузаронӣ аст ва мо тамоми чораҳоро андешида истодаем, то паноҳандагон дар фасли зимистон ҳаматарафа таъмин бошанд ва азият накашанд. Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо дар баробари таъминоти ғизоӣ ва молиявии гурезагон ҳамчунин ғами таҳсилоти онҳоро низ хӯрда, барои касбомӯзӣ ва гирифтани маълумоти олӣ ба гурезаҳо ёрии амалӣ мерасонад. Бо кӯмаки ин ташкилот теъдоди зиёди гурезагон дар марказҳои касбомӯзӣ касбу ҳунарҳои замонавиро омӯхта, имрӯз зиндагии худро мустақилона пеш бурда истодаанд, ҷавонони гуреза бошанд, метавонанд дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ гарданд.
Дар охир қайд карда шуд, ки Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо аз Мақомоти Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки аз ихроҷи гурезаҳои афғон аз қаламравӣ Тоҷикистон ва бар гардонидани онҳо ба Афғонистон худдорӣ карда, дубора ҳуҷҷатгузориро мисли солҳои пешин ба роҳ монанд, то паноҳандагон тавонанд соҳиби мақоми гуреза шуда, дар Тоҷикистон ба таври қонунӣ умр ба сар баранд.