Ин шабу рӯзҳо ошиқони синамор осериали туркии “Гулпарӣ” чунон мафтуни худ гардонидааст, ки ҳатто дар сари дастурхон сухан дар бораи ин зани берӯзӣ меравад. Худованд Гулпариро ба сони парии ҳақиқӣ зебо офарида бошад ҳам, дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёде кашида, як умр сарсону саргардонаст. Ин паричеҳра ба хотири наҷот додани падараш ба Аюб ба шавҳар мебарояд, вале ситораи ӯ аз рӯзҳои аввали зиндагӣ ба пайвандони шавҳараш хуш наомада, ҳамеша ранҷу азобаш медиҳанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, Аюб мемирад ва наздиконаш Гулпарии бечораро дар марги шавҳараш гунаҳкор карда, бо тӯҳмат бачаҳояшро аз дасташ кашида мегиранд. Ҳамин тавр,ҳаёти ин ҷавонзани меҳрубон ба дӯзах табдил меёбад...
Мухлисони ин филми бисёр диққатовар сахт ба Гулпарӣ дил баста, мехоҳанд дар бораи ҳаёти ӯ ҳарчӣ бештар бидонанд. Аз ҳамин хотир, бо хоҳиши хонандагони ҳафтанома мо баъзе сирру асрори Гулпариро бароятон мекушоем.
Гулпарӣ ё Нургул?
Зане, ки образи Гулпариро ин қадар таъсирбахш офарида, хурду калонро ба гиря меорад, яке аз ҳунармандони маъруфи синамои турк Нургул Эшилчой мебошад. Ин зебосанам 26-уми марти соли 1976 дар Афон-Қараҳисор, ки яке аз минтақаҳои дурдасти Туркия ба шумор меравад, ба дунё омадааст, вале ӯ ҳанӯз яксола нашуда волидонаш ба Измир мекӯчанд. Тағйири макони зист ба ҳаёти Нургул таъсири хеле хуб расонида, имкон фароҳам овард, ки дар муҳити фарҳангии шаҳр ба воя расад. Ҳанӯз аз даврони наврасӣ Нургул ба курсҳои махсуси театрӣ барои кӯдакони боистеъдод мерафт ва ҳамин тавр меҳри санъат оҳиста-оҳиста дар дилаш ҷой гирифта, қарор дод, ки ҳаёти худро ба театр ва синамо мебахшад. Пас аз хатми мактаб Нургул бо дониш ва маҳорати худаш ба яке аз беҳтарин донишгоҳҳои Туркия дохил шуда, бо талошу заҳматҳои пайваста ба қуллаҳои баланд расид. Номи ин актриссаи боистеъдодро дар қатори устодони синамои турк ба забон мегиранд ва на ҳар коргардон қудрати ба филми худ даъват намудани Нургул Эшилчойро дорад, зеро ӯ аз зумраи ҳунармандони қимматбаҳотарини Туркия ба ҳисоб рафта, барои офаридани нақш гонорари хеле калон мегирад.
Аз саҳнаи театр ба экраникалон
Ҳанӯз аз замони дар курсҳои аввали донишгоҳ таҳсил карданаш Нургул дар намоишномаҳои театрӣ нақш мебозид. Ҳунару истеъдоди баланди ин донишҷӯдухтари ҷавонро ба назар гирифта, ӯро ба театр ба кор даъват намуданд. Маъмулан ба ҳунармандони ҷавон нақшҳои дуюмдараҷаву сеюмдараҷа мерасад, вале ба Нургул аз оғоз нақшҳои асосиро медоданд, зеро ин ҳунарпешаи ҷавон ба осонӣ ба пӯсти ҳамагуна қаҳрамон даромада, бисёр табиӣ нақш мебозид.
Ҳамин тавр ҳанӯз дар давронидонишҷӯӣ дар намоишномаҳои хеле машҳур аз қабили “Гамлет”ва “Қатораи орзуҳо” нақшҳои бисёр ҷаззоб бозида, Нургул Эшилчой диққати синамогаронро ба худ ҷалб намуд ва ин зебосанамро ба кино даъват мекардагӣ шуданд...
Аввалин нақши худро дар синамо Нургул дар филми мазҳакавии “Ҳамааш хуб мешавад” бозидааст, баъди ин филм ӯро ба сериали “Баҳори дигар”, сипас ба филми “90-60-90” даъват намуданд ва ҳамин тавр, роҳи актрисаи ҷавон кушода шуда, дар муддати кӯтоҳ натанҳо дар ватанаш Туркия, балки берун аз марзҳои он низ ҳамчун актрисаи бисёр бомаҳорат машҳур гашт.
Тавре ки сомонаҳои фарҳангии Туркия менависанд, коргардонҳо барои ба филмҳои худ ҷалб намудани Нургул ҳамеша кашмакаш карда, баъзан ҳатто даст ба гиребон ҳам мешудаанд...
Зебосанаме, ки пир намешавад...
Нургул Эшилчой 45 сол дорад. Маъмулан дар ин синну сол бонувониҳ унарманд пир ва таровати рӯю мӯяшон гум шуда, аз мӯд мебароянду дигар касе суроғашон намекунад, аммо Нургул Эшилчой то ҳол яке аз актрисаҳои серхаридори Туркия ба шумор меравад. Қаду қомати мавзун, рӯйи бедоғу беҷурм ва чустучолокии ғизол монанди ин зани дар ҳақиқат зеборо дида, ҳатто баъзе ҳам касбонаш ба 45- солабудани Нургул бовар намекунанд. Вақте сирризебоияшропурсон мешаванд, Нургул дар ҷавоб табассуми ширине карда мегӯяд:
“Ман ҳаргиз ба ягон кас ҳасад набурдаам, ҳеҷ гоҳ рашк накардаам, ҳар саҳар машқи бадан мекунам ва дар душвортарин лаҳзаҳо низ худро ба табассум кардан маҷбур месозам, шояд сирри зебову ҷавон монданам дар ҳамин хислатҳо ва зиндадилиам бошад...”
101 чеҳраи Нургул
Нургул Эшилчой дар зиёда аз 50 филми туркӣ нақшҳои марказиро офаридааст, ки натанҳо дар худи Туркия, балки дар дигар давлатҳо низ борҳо намоиш дода шудаанд ва тамошобинони сершумори худро доранд. Ин зебосанамро дар филмҳои хеле машҳури “Баҳори дигар”, “Ҷазираи фариштаҳо”, “Ангурбоғ”, “Ишқ ва ҷазо”, “Дар сарҳади биҳишт”, “7 арӯси Ҳурмуз”, ”Одам ва Шайтон”, “Ишқи сурх”, “”Ҷини зебо”, “Бахти дуюм”, “Афсонаҳои Истамбул”, “Арӯси мувақатӣ”, “Шаршара”, “Султон”, “Асрит иллоӣ”, “Гулпарӣ” ва ғайра дидан мумкин аст. Қаҳрамонҳои офаридаи Нургул сарнавишт ва хислатҳои гуногун дошта бошанд ҳам, актриса бисёр моҳирона ба образ даромада, чунон табиӣ нақш мебозад, ки тамошобинон баробари қаҳрамонҳояш мегирянду механданд.
Ишқи нобарори гули серхаридор
Шумораи ошиқони Нургул Эшилчой аз мӯйи сараш зиёд бошанд ҳам, ин зебосанам ишқи марди аз худаш 17 солкалонро дар дилҷой карда, соли 2004 ба ҳамкасбаш Ҷам Озар ба шавҳар баромад. Ба фарқияти калони синну солиашон нигоҳ накарда, ин ҷуфт хеле хушбахт ба назар мерасиданд ва соли 2005 соҳиби шоҳписари нозанин гашта, номашро Усмон Наҷотзар ниҳоданд, вале...
Шавҳараш мисли худи Нургул актёр ва машҳур бошад ҳам, зани ҷавону зебояшро ҳатто ба сояи худаш рашк карда, мудом зери мушту лагад мегирифт. Нургул кӯшиш мекард ба шавҳараш фаҳмонад, ки танҳо дар саҳна ӯ маъшуқаи дигарон, вале дар зиндагӣ танҳо моли ӯст, аммо ин марди бадрашк чизеро шунидан намехост. Билохира, кор ба ҷое расид, ки шавҳараш дар назди Нургул шарт монд, ки аз ду якеро интихоб намояд, оила ё кино?!
Зебосанам хеле фикр карда, билохира синаморо интихоб намуд ва соли 2010 расман аз шавҳар ҷудо шуд, зеро тӯли 6 соли ҳамзистӣ ин марди бадрашк бо бадгумонӣ ва мушту лагадаш ҷони ӯро ба лабаш расонида буд. Нургул номи бевазанро гирифта,бо як фарзанд танҳо монданро аз чунин ҳаёти пур аз ранҷу азоб авлотар медонист.
Зани дуюм намешавам!
Актриса 45-сола шуда бошад ҳам, то ҳол мардони зиёде тайёранд, ки тамоми дороии худро дар пеши пойи ин паричеҳр абирезанд, вале Нургул дубора шавҳар кардан намехоҳад. Аксари талабгоронаш оила ва фарзанд доранд, аз ҳамин хотир, ӯ намехоҳад боиси рехтани оби дидаи занидигар ва аз меҳри падар дурмондани фарзанди ӯ гардад. “Сад сол танҳо монам ҳам, ман ҳаргиз зани дуюм намешавам, чунки дар ҷойи вайронаҳои бахтии як зани дигар ҳеҷ гоҳ қасри бахти навро мустаҳкам ва боэътимод сохта намешавад”-мегӯяд Нургул Эшилҷой.
7 далели аҷиб дар бораи Нургул Эшилчой
1. Эшилчой дар тарҷума аз забони туркӣ маънои чойи кабудро дорад, худи номаш бошад, ҳамчун хушбӯй тарҷума мешавад. Ному насаби актрисаро ҳамчун “чойи кабуди хушбӯй” маънидод кардан мумкин аст.
2. Ба ғайр аз ҳунари актёрӣ Нургул Эшилчой маҳорати рассомӣ низ дорад ва намоиши расмҳояш дар чандин давлатҳои аврупоӣ ташкил карда шудааст.
3. Аввалин нақши марказиашро дар синамо Нургул Эшилчой дар синни 23-солагӣ бозида бошад ҳам, ҳамагӣ дар бадали як сол тавонист ба қатори ситораҳои Туркия дохил шавад.
4. Соли 2014 Нургул Эшилчой якбора дар 4 филм нақшҳои асосиро бозида, рекорд гузошт.
5. Дар як мусоҳибааш Нургул иқрор шудааст, ки ба хотири ишқ дар синни 16-солагӣ аз хонаашон гурехта буд, зеро падару модараш ҷавоби интихоб кардаи ӯро напазируфтанд. Хушбахтона ё бадбахтона, ин ишқ самар надод ва ҷавонон хатои худро фаҳмида, баъди чанд рӯз ба хона баргаштанду бо ҳамин ҷудо шуданд.
6. Қиматтарин ганҷ бароиНургул дар зиндагӣ писараш мебошад ва актриса мегӯяд, киба хотири ҳимояи фарзандаш ба ҳама кор, ҳатто ба одамкушӣ қодир аст.
7. Нургул Эшилчой аз зумраи он ҳунармандони беназирест, ки якбора соҳиби ду ҷоизаи тиллоӣ- Golden Boll Award for Best Actress ва Golden Orange Award for Best Actress гаштааст