Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи бештар аз шаш ҳазорсола дорад.
Ниёгонамон дар тӯли ҳазорсолаҳо ин иди шукуфоиву зебоиро бо қалбҳои моломоли фараҳу шодӣ пешвоз мегирифтанд ва дар рӯзҳои наврӯзӣ либосҳои зебову ороста ба бар намуда, ба базмгоҳ мешитофтанд, то аз нозу неъматҳои суфраи ҳафт син ё ҳафт шин коми худро ширин намуда, ҳамдигарро муборакбод бигӯянд ва бо кабкҷангу тухмҷанг, гӯштингирию асптозӣ ва дигар бозиҳои наврӯзӣ машғул шаванд. Ҳар як минтақа суннатҳои наврӯзии худро дорад. Мардуми водии зарафшон низ Наврӯзи аҷамро ба тарзи хоса истиқбол мегиранд.
Дар ин ид ба ғайр аз ҳафт сину ҳафт шин боз хӯрокҳои дигаре мепазанд, ки дар дигар минтақаҳои кишвар аслан вуҷуд надоранд. Дар бораи ҳамин таомҳои наврӯзии мардуми Зарафшон мо бо зани рӯзгордида, сокини деҳаи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент холаи Рӯзбибӣ 66-сола сӯҳбати ширину ҷолибе доштем, ки фишурдааш манзури муштариёни сомонаи Оила. ТЧ мегардад.
-Холаҷон, Наврӯзи оламафрӯзро ба шумо муборакбод мегӯем!
-Раҳмат бачаҷон! Ман ҳам иди наврӯзро ба кулли мардуми шарафи Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон аз даргоҳи худованди меҳрубон вақти хушу тани сиҳат ва сабзабзию сарбаландӣ орзу мекунам. Дуо мекунам, ки наврӯз ба сари мардуми тоҷик борони файзу баракатро биборад ва ҳамеша мисли баҳор сарсабзу хуррам бошанд.
-Шумо иди Наврӯзро чӣ гуна ҷашн мегиред?
-Наврӯз иди аз ҳама дӯстдоштаи мардуми Зарафшон аст ва ман ҳам қатори дигар ҳамдеҳагонамон ҳар сол дастархони зебоӣ наврӯзӣ ороста, ин иди пур аз файзу баракатро ҳамроҳи пайвандону назконам ҷашн мегирам.
-Шумо яке аз кадбонуҳои номдори водии Зарафшон ҳастед. Мегуфтед, ки дар ҷашни наврӯз занҳо бештар чӣ мепазанд? Манзурам, ягон хӯроке ҳаст, ки онро танҳо дар Зарафшон мепухта бошанд?
-Албатта мардуми Зарафшон ҳам мисли дигар сокинони Тоҷикистони азизамон дар ҷашни Наврӯз бештар хӯрокҳои баҳорӣ бештар омода месозанд. Аз ҷумла суманак, оши бурида, самбӯсаи алафӣ аз таомҳое ҳастанд, ки дастурхони наврӯзиро бе онҳо тасаввур карда намешавад. Дар баробариин боз як таоми дигаре ҳаст, ки онро ба назарам фақат дар водии Зарафшон мепазанд. Як таом “Оши бодом” ном дорад.
-“Оши бодом” чи гуна хӯрок аст ва онро чи хел мепазанд?
-Ин хӯрок аз бодоми талхи кӯҳӣ тайёр карда мешавад.
-Магар домои талх тамъи хӯрокро талх намесозад?
-Вақте бодомро ба хӯрок меандозанд ва онро дурудароз меҷӯшонанд, талхиаш нест мешавад, баъдан бодоми талх ба биёр бемориҳо аз ҷумла ба дарди гурда ва ҷигар даво аст.
-Тарзи пухтани “Оши бодом”-ро қисса мекардед, чунки аксари занҳои ҷавон дар бораи ин таоми миллӣ маълумот надоранд...?
-Пеш аз ҳама боми талхро пурра қимма мекунем. Баъди қимма карда шудан онро ба зарфе мегирем ва оби ширгарм рехта, омехта месозем ва мемонем, то каме истад. Пас аз ин ду маротиба аз докаи сафед онро мегузаронем, то ки об аз бодом ҷудо шавад. Онро дар дег андохта се соат зиёд меҷӯшонем ва вақти ҷушидан кам- кам оби хунук ҳамроҳ кардан мегирем, сипас биринҷ андохта, боз камтар дигар меҷӯшонем. Дар охир намак мепошем ва оши пухтами бомдоро дар косаҳои калон кашида рӯйи дастурхони наврӯзӣ мегузорем.
-Ташаккури зиёд! Наврӯзи оламафрӯз ба Шумо ва тамоми мардуми Водии Зарафшон муборак бошад!
Меҳроншоҳ Усмонзода