Ҳамасола 14-феврал дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ошиқон ва “Иди Валентини Муқаддас”ҷашн гирифта мешавад.
Маъмулан дар ин рӯз кулли ошиқон якдигарро табрик намуда, бо як ҷаҳон орзуву таманниёти нек ба ҳамдигар туҳфаҳои зебои рамзӣ тақдим мекунанд. Мехоҳед донед, ки барои чӣ 14-февралро “Рӯзи Валентини муқаддас” меноманд ва чаро онро ҳамчун РӮЗИ ОШИҚОН ҷашн мегиранд? Мутаваҷҷеҳ бошед!
Дар бораи пайдоиши “Рӯзи Валентини Муқаддас” қиссаҳои мухталиф дар байни халқҳои гуногуни дунё паҳн шудааст. Тибқи баъзе ривоятҳо “Рӯзи Валентини Муқаддас” ҳанӯз дар давраҳои пеш аз милоди Исои Масеҳ вуҷуд доштааст ва дар ин рӯз империяи Рум рӯзи идомаи насли инсониятро ҷашн мегирифтааст.
Аммо баъзеҳо пайдоиши ин идро ба роҳибе (рӯҳонии насронӣ) бо номи Валентин алоқаманд медонанд. Ба гуфти онҳо дар асри 3-юми баъд аз милод императори Рум Клавдий издивоҷро карданро ба аскарон манъ кардааст. Ба фикри вай,мардон мебоист фақат сарбоз бошанд, на шавҳару падар. Тибқи ин қисса, роҳибе бо номи Валентин пинҳонӣ аз ҳукуматдорон маросимҳои ақди никоҳи ҷавонони ошиқро доир менамудааст.
Вақте ки сирри ӯ ошкор мешавад, Валентинро ба қатл мерасонанд. Мардум барои пос доштани ёди роҳиб рӯзи қатли ӯро ҳамчун “Рӯзи Валентини Муқаддас” ҷашн мегирифтагӣ шудаанд. Қиссаи дигаре низ ҳаст, ки гӯё Валентин ном шахси зиндонӣ дар яке аз маҳбасҳои империяи Рум ба духтари нозири маҳбас ошиқ мешавад. Духтари ҷавон ҳам ӯро дӯст дошта, ошиқ мешавад, вале падари духтар аз ишқи ду ҷавон огоҳӣ ёфта, бо амри ӯ Валентинро ба дор меовезанд. Рӯзе, ки Валентинро қатл мекунанд, пеш аз маргаш ба дӯстдоштааш коғази дар шакли дил буридашударо фиристода, дар ҳошияи он бо муҳаббат менависад: « Ту ишқи аввалину охарини манӣ, туро ман дӯст медорам. Бо эҳтиром Валентини ту!»
Ҳамин тавр таҷлил намудани ин ид ҳамчун “Рӯзи ошиқон”ба ҳукми анъана даромада, онро то кунун ҷашн мегиранд. Ҳамасола дар рӯзи “Валентини Муқаддас” ошиқон ба ҳамдигар туҳфаҳои рамзӣ тақдим мекунанд ва дар кортҳои шакли дил дошта номаҳои ширини ошиқона мефиристанд.
Ишқ маънии зиндагӣ ва сарманшаъи хушиҳои ҳаёт аст. Пас дӯст доред ва ба қадри дӯстдоштаҳои худ бирасед. Рӯзи ошиқон муборак!