Arzon march 2024
Чаро бештар наврасон ба зарпарвин гирифтор мешаванд?
589


То аввали моҳи октябр дар кишвар 1850 нафар ба бемории зардпарвин гирифтор шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 251 нафар зиёд мебошад.

Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, Сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Зарпарвин аз ҷумлаи бемориҳои сироятӣ маҳсуб ёфта, дар синну соли гуногун шахс ба он гирифтор мешавад. Бемории зардпарвин бештар дар фасли тирамоҳ авҷ мегирад ва сабаби асосии афзоиши он- зиёдшавии вирусҳои барангезандаи ин беморӣ мебошад. Дар илми тиб зардпарвинро гепатит низ ном мебаранд. Барангезандаи беморӣ вирусе мебошад, ки дар таркиби хун нашъунамо менамояд.
“Гирифторшавӣ ба зарпарвин дар байни кӯдакону наврасн бештар ба назар мерасад. Соли равон гирифтории наврасони то 18-сола ба ин беморӣ 94 фоизро ташкил медиҳад. Соли гузашта низ нишондиҳанда чунин буд”- гуфтааст Наврӯз Ҷаъфаров.

                    Нишонаҳои беморӣ
Нишонаҳои аввалини бемории зардпарвин, камқувватӣ, беҳолӣ, нотобӣ, зуд хасташавӣ, пастшавии иштиҳо ва эҳсоси дилбеҳузурӣ мебошанд. Дар ҳолати пайдо шудани ин нишонаҳо шахс бояд ба духтури минтақавӣ муроҷиат намояд. Дар сурати беэтиноӣ нишонаҳои иловагӣ аз қабили эҳсос кардани вазнинӣ дар тарафи рости зери қабурға, баландшавии ранги пешоб (сурхчатоб) зард шудани пардаи чашм, пардаи луобии ком ва зери забон зуҳур намуда, ин зардӣ дар пӯст низ ба мушоҳида мерасад.
Сабаби бештар ба зарпарвин гирифтор шудани кӯдакону наврасонро табибон дар гигиенаи шахсиро хуб риоя накардани онҳо маънидод мекунанд.
Вобаста ба сабаб ва пайдоишаш зарпарвин се намуд мешавад, ки инҳо зардпарвини ҷигар (паренхимӣ), зардпарвини механикӣ ва зардпарвини гемолизӣ (хунобӣ) мебошанд. Дар натиҷаи зардпарвини ҷигар ҳуҷайраҳои ҷигар осеб ёфта, эҳтимоли ба рӯда гузаштани билурубин вуҷуд дорад.

Барои гирифторони зарпарвинро кадом меваҳо фоиданоканд?

Барои гирифторони бемории зарпарвин меваю сабзавот, аз ҷумла тарбуз ва маҳсулоти ширӣ муфид мебошад, чунки иштиҳоро мекушоянд ва хусусияти пешобронӣ доранд. Мӯяки ҷуворимакка варами ҷигарро рафъ карда, хӯрдани шарбати сабзӣ, обҷӯши пудинаю асал бо барги гули қоқу низ чунин фоида меоранд.
Тавре духтурон мегӯянд, бемории зардпарвин аз таъсири вирус пайдо мешавад ва шахси сироятёфта барои атрофиён манбаи сироят маҳсуб меёбад, бинобар ин, бемор бояд фавран аз атрофиён ҷудо ва бистарӣ карда шавад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД