arzon replenishment
Чаро бемории обилаи маймунро муайян кардан мушкил аст?
1318

 

Аз сироятёбии 78 нафар ба обилаи маймун дар Бритониёи Кабир хабар дода буданд. Мақомоти беҳдоштии ин кишвар гуфтаанд, ки гирифторони чунин беморӣ онро ба осонӣ пушти сар карда, ҳолати вазнин ба қайд гирифта нашудааст.

Тавре манбаъҳои иттилооти хабар дода буданд, гирфиторшавии бемории навъи обилаи маймун дар кишварҳои Аврупо, Амрико ва Австралияю Африқои Ғарбӣ ва Марказӣ оғоз шудааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки обилаи маймун бемории уфунӣ буда, метавонад дар баъзе ҳолат аз ҳайвони бемор ба инсон сироят кунад.

Давраи ниҳоии беморӣ 10 рӯз буда, ҳангоми даст расонидан ба гӯшти шикоршуда, неш ё хароши ҷонварон, моеъҳои бадан, ашёи олуда ё робита бо шахси бемории обилаи маймун дошта эҳтимоли сироят кардан вуҷуд дорад. Нишонаҳои бемории мазкур ҳарорати баланди бадан, дарди мушакҳои баданд, дарди сар ва дарди тахитапуш буда, гирфиторшуда худро хаставу бемадор эҳсос мекунад

Чаро дақиқ кардани беморӣ мушкил аст?

Табибон бо пайдо шудани нишонаҳои аввалини беморӣ онро дақиқ ташхиси обилаи маймун гузошта наметавонанд, чунки нишонаҳои ин беморӣ мисли дигар бемориҳои уфунӣ буда, бо дарди сару ҳарорати баланд оғоз мешавад.

Кай бояд ба духтур муроҷиат кард?

Нафаре, ки ба ин беморӣ гирифтор мешавад, дард дар кафи дастону панҷаи пойҳо, ҳамчунин дарди дигар узвҳои баданшро бештар эҳсос мекунад ва ӯ дар ҳамин ҳолат метавонад фавран ба духтур муроҷиат кунад. Баъд аз муоина маълум шавад, ки нишонаҳои бемории обилаи маймун дар шахс дида мешавад, ӯро барои муоинаҳои минбаъда равон мекунад.

Чӣ чораҳои пешгирикунанда вуҷуд дорад?

Тавре табибон муайян кардаанд, ки ин беморӣ мисли дигар бемориҳои уфунӣ то 85 дарсад пешгиришаванда аст . Дар баробари ин дар як қатор кишварҳои аврупоӣ, махсусан ИМА ваксинаҳо ҷорӣ карда шуда буданд. Мутахассисон ин бемориро ба ҳаёти инсон хатарзо нагуфта, онро мисли дигар бемориҳои обилавӣ мегӯянд.

Чанде қабл Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ин ки ягон ҳодисаи гирифторшавӣ ба обилаи маймун ё сурхакони маймун расман ба қайд гирифта нашудааст, расман хабар дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД