1xbet
Чаро баъзе кӯдакон дер гап мезананд?
203

Аслан кӯдак дар синни 2-3-солагӣ бояд калимаҳои аввалини худро бигӯяд ва ба таври оддӣ фикрашро баён карда тавонад. Аммо забони баъзе кӯдакон дертар кушода мешавад ё калимаҳои ангуштшуморро ба забон оварда метавонанду халос. Чаро чунин мешавад?

Сабабҳои асосии дер гап задани кӯдак

1. Кӯдаке, ки дар муҳити сукут ё камуошират ба воя мерасад, имкони забон омӯхтанаш камтар аст.

2. Дар замони муосир тамошои мултимедия равобити зинда ва омӯзиши муоширатро иваз мекунад.Телефон барои кӯдак шояд як василаи саргармӣ бошад, вале ҳамсӯҳбат нест.

3. Фишори равонӣ (стрес) муноқишаҳои доимӣ дар хона ва ё муносибатҳои сард метавонад ба рушди нутқи кӯдак таъсири манфӣ расонад.

4. Агар кӯдак баъзе садоҳоро дуруст шунида натавонад, ин боис мегардад, ки калимаҳоро ғалат такрор кунад.

Ба рушди нутқи кӯдак чи гуна метавон кӯмак кард?

1. Падару модар ва дигар аъзоёни оила бояд бо тифлакон бештар гап заданд ва меҳрубонӣ намуда, ба кӯдак барои гапзаниро ёд гирифтан ёрӣ расонанд.

2. Ҳар шаб барои фарзандатон афсона бигӯед ё китобчаҳои рангаи расмҳои зебо доштаро нишон диҳад ва ба кӯдак шеърҳои содаи кӯдакона хонед.

3. Аз бозӣ бештар истифода баред. Бозиҳое,ки кӯдакро водор ба гуфтугӯ мекунанд, барои тезтар гапзаниро ёд гирифтани кӯдак хеле муфиданд.

4. Дар хотир дошта бошед, ки ҳар кӯдак бо суръати ба худаш хос рушд мекунад. Барои он ки фарзандатон зудтар гапзаниро ёд гирад, ба кӯдак фишор наоред. Муҳим он аст,ки муҳит пур аз меҳру муҳаббат ва ҳавасмандкунанда бошад, он гоҳ бо мурури вақт кӯдак гапзаниро ёд мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД