Вақтҳои охир ҳисси рамҳу шафқат аз байн рафта, ҷойи онро ҷаҳолат ва бераҳмӣ гирифта истодааст. Одамон баъзан барои дупула гап ба сари ҳамдигар корду камон кашида, хуни якдигарро беибо мерезанд.
Рӯйдодҳои хунине, ки тӯли як ҳафтаи охир дар манотиқи мухталифи кишварамон рӯй додаанд, далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Вазорати умури дохилӣ аз сар задани чанд ҳодисаи нохуши кордзанӣ ва куштор дар ҷумҳурӣ хабар додааст. Рӯйдоди аввал санаи 1-июн ба вуқуъ пайвастааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, як зани 39-солаи сокини шаҳри Исфара бо ҷавонмарди 28-сола ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти ин моҷаро ба рақибаш бо корд ҳамла кардааст. Ин зани умраш ба домони 40 дакка хӯрда, ки қаблан суд шуда буд, ба ҷойи ислоҳ шудан, бераҳмона ба китф ва шиками марди 28 -сола корд зада, дубора ба маҳбас рафт.
Аслан, ҷинояткоронро ба он хотир аз озодӣ маҳрум намуда, пушти панҷара мешинонанд, ки дар бораи амалҳои худ андеша намоянд ва хатояшонро дарк намуда, ба қавли маъруф “одам” шаванд, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе маҳбусон ба ҷойи тавба кардан дар зиндон баръакс бештар ваҳшӣ шуда, аз кӯчаи одамгарӣ мебароянд.
Амали ваҳшиёнаи як ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 237 ва 200-Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шудааст, гувоҳи ин гуфтаҳост. Ин ҷавони беандеша дар умри кӯтоҳи 22-солааш аллакай заҳри маҳбасро чашида бошад ҳам, ба ҷойи роҳи дурусти зиндагиро интихоб намудан даст ба одамкушӣ задааст. Ҳодиса шаби 5-июн, тахминан соатҳои 23.30 рӯй дода, ҷавон дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи дӯсти 35-солааш корд задааст. Ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тафтишти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад. Рӯйдоди сеюми хунин субҳи 7-июн, тахминан соатҳои 6-и саҳар дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайваста, як марди 33-солаи сокини ин маҳал аз рӯйи хусумат ва бадбинӣ ҳамдеҳаашро ду корд задааст. Ҷабрдида бо ҷароҳати хуншор ба беморхона интиқол дода шуда, нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.