Алишер Қаландарови 29-сола, сокини кӯчаи Фазлиддин Муҳаммадиев минбаъд умри ҷавонашро дар паси панҷараи зиндон мегузаронад. Ин ҷавони беандеша бо хешаш Фаридун Сафаров 43- сола вақтҳои охир мудом тариқи телефон ҷангу муноқиша мекард.
Хешу табор бошанд ҳам, нҳ мисли ду душмани қаттол бо алфози қабеҳ якдигарро ҳамеша дашному ҳақорат медодаанд. Беҳуда нагуфтаанд: “Вақте ки қаҳр ояд, ақл аз сари кас меравад”, ҷангу ҷанҷолҳои телефонии Алишеру Фаридун низ билохира бо фоҷиа анҷом ёфтанд.
Занги тақдирсӯз
Шаби 8-уми июн Алишер ба Фаридун зада зада, ӯро ба кӯча хонд. Бехабар аз он ки хешаш бо корд мусаллаҳ аст, Фаридун телефонро хомӯш карда, филҳол ба ҷойи ваъдагӣ ҳозир шуд. Аввал миёни онҳо ҷанги лафзӣ сурат гирифт, вале оташи ҷангу ҷидол торафт бештару бештар аланга гирифта, кор бо занозанию мушкашӣ гузашт...
Соат аллакай аз 11-ишаб гузашта, мардум дар хонаҳои худ масти хоб буданд. Ягон-ягон одамони шабгард ин манзарар мушоҳида намоянд ҳам, аз рӯйи масали “туро газад маро чӣ ғам?” амал намуда, бо роҳи худ гузашта мерафтанд...
Ду корд заду ба таксӣ нишаста рафт
Оқибат моҷарои ин ду хешбача бо фоҷеа анҷом ёфт ва Алишер дар сари қаҳру ғазаб Фаридунро аз по зада афтонду кордро аз миёнаш бароварда ду корд ба узвҳои ҳаётан муҳими хешаш зад. Хун фаввора зада шорид ва даряк лаҳза сар то пойи Фаридун ғарйи хуну халаф гашт...
Тавре худи Алишер дар навори ВКД мегӯяд:
“Фаридунро задам, ба замин афтид, кордчаро гирифта ду бор пай дар пай ба танаш халидам. Худашро аз чанголи ман халос карду каме дуртар рафта гуфт “Охираш кордча халидӣ?!” Худамро гум кардам ва аз тарс аз ҷойи ҳодиса каме дуртар давида рафтаму ба таксӣ нишаста хона омадам...”
...охир ба дасти малахак
Шояд ин ҷавон гумн мекард, ки бо гурехтан аз ҷойи ҳдиса ҷонаш халос мешавад, вале хаёлаш хом баромад. “Давидани гӯсола то каҳдон”гуфтани халқ буҳуда нест, ҳанӯз субҳ фаро нарасида, ин ҷавони бераҳм аз ҷониби кормандни мақомти милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнини куштор дастгир карда шуд.
Пушаймонӣ надорад суд
Алишер, агар баъди корд задан ақаллан мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъвта мекард, шояд Фаридун зинда мемонд, вале бо гумони он ки ҷинояташ шабона содир шудаву касе чи тавр хешашро корд задани ӯро надидааст, ҷабрдидаро ба ҳоли худаш монда гурехт ва Фаридун барасари хунравии зиёд ҷон ба ҷонофарин супурд.
Ҷиноят ҷиноят аст, хоҳ шабона рух медиҳад, хоҳ рӯзона, хоҳ дар ҷойи беодаму хоҳ дар ҷойи серодам ин сир дер ё зуд ошкор мешавад. Аз ин рӯ ҳар як инсон бояд сари қаҳру ғазаби худ ҳоким бошад ва нагузорад, ки ғазаб чашмнашро кӯр гардонида натанҳо ҳаёти шахси дигар, балки ҳаёти худро низ б дасти хеш сӯзад.