«Чанд сол қабл ман як бачаи хоксору заминӣ аз деҳаи оддии Доғистон ба UFC омадам. Бисёриҳо нисбати интихоби ман шубҳа доштанд, ғолиб шуданам дар назарашон ғайриимкон буд. Бародарам мегӯяд, GOOGLE туро машҳуртарин одами сайёра эълон кардааст. Ростӣ ҳатто дар гӯшаи хайёлам набуд, ки рӯзе ба ин дараҷа шӯҳратёр мегардам»-ба хотир меорад чемпиони чандкаратаи ҷаҳон Ҳабиб Нурмагамедов.
Ёдовар мешавем, ки 24-уми октябр дар “Файт Айленд”-и Абу Дабӣ (АМА) муҳорибаи UFC 254 баргузор гардид. Ҳабиб Нурмагомедов, ки бо Ҷастин Гейҷӣ муҳориба дошт, дар сабқати асосии он баромад намуд. Чемпиони Русия дар даври дуввум бо усули буғикунонӣ рақибашро мағлуб намуд. Ин севвумин ҳимояи унвони Хабиб буд.
Пас аз ин муҳорибаи таърихӣ Ҳабиб эълон намуд, ки варзишро тарк менамояд. Дар мусоҳиба қаҳрамони ҷаҳонӣ сабаби тарк кардани М UFC-ро чунин шарҳ дод: “Дар ҷаҳон ба ҷуз падару модар азизтар касе нест. Падарамро аз даст додам. Ҳоло як волдидайн дорам-ин ҳам модари азизам. Минбаъд ҳар қадар тавонам, вақтамро ба модарам ҳадя менамоям”-бо сад дарду алам қисса менамояд Ҳабиб ва илова намуд, ки “Ғамхори падару модаратон бошед!”
Феълан Ҳабиб шикастнодида буда, дар 29 сабқаташ 29 пирӯзӣ дорад.Дар пайи пирӯзӣ бар Гейҷӣ, Нурмуҳаммадов аз роҳбарияти UFC хост, ӯро дар садри беҳтарин размикорон ҷой диҳанд, чун ӯ арзанда бошад. Дана Уайт, роҳбари UFC ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти беҳтарин размикорони ҷаҳон мақоми аввалро дод.
Ҷон Ҷонс, ки то ҳол дар сархати беҳтарин размикорон қарор дошт, аз мақомаш ба фоидаи Нурмуҳаммадов даст кашид.
Pound-for-pound – нисбати размикоре кор бурда мешавад, ки новобаста аз вазн беҳтарини беҳтаринҳо эътироф шудааст.
Тибқи маълумоти нашрияи “Sports Daily” размовари рус Ҳабиб Нурмагомедов баъд аз шикаст додани ҳарифи амрикоиаш Ҷастин Гэтҷи 6 млн доллари амрикоӣ кор кард.