formula55
Чанд зарари миҷҷаи сунъӣ
426

Истифодаи миҷҷаҳои сунъӣ ба зебоии чеҳра таъсири зиёд дорад ва чашмонро зебо мегардонад, аммо ин зебоии муваққатӣ боиси мушкилоти чашм мегардад ва зебоии доимии чашму абрӯвонро аз байн мебараду ба саломатии чашм зарар мерасонад.

Зарар ба миҷҷаҳои табиӣ яке аз муҳимтарин таъсири манфии навъи сунъии он мебошад, зеро он таъминоти хунро ба рӯи он ҷое, ки миҷҷаҳо часпидаанд, коҳиш медиҳад ва боиси заиф шудани инкишофи миҷҷаҳои табиӣ мегардад.

Фишоре, ки дар натиҷаи насби миҷҷаҳои сунъӣ ба вуҷуд меояд, боиси рехтани миҷҷаҳо мегардад

Экзема ва ҳассосияти ширеш

Мушкилоти дигари насби миҷҷаҳои сунъӣ экзема ва ҳассосият ба ширеши он мебошад. Аз сабаби тунук будани пӯсти пилки чашм хатари ҳассосият вуҷуд дорад, бинобар ин эҳтимоли илтиҳоб, хориш ва сурхшавии атрофи чашм вуҷуд дорад.

Торикии чашм

Таъсири манфии дигари миҷҷаҳои сунъӣ ва ширеши он сироятёбӣ, захми қарния, камбинӣ ва ҳатто нобиноӣ аст.

Гулмиҷҷа

Истифодаи миҷҷаҳои сунъӣ боиси сироят ва гулмиҷҷа мегардад. Одамоне, ки миҷҷаҳои сунъиро истифода мебаранд, бештар ба гулмиҷҷа гирифтор мешаванд.

Хушкшавии чашмонҳо

Тули миҷҷаҳои сунъӣ нисбат ба таббиӣ дарозтар аст. Бинобар ин, ҷараёни ҳавои ба сатҳи чашм расидаро зиёд мекунад ва боиси зуд хушк шудани чашм мегардад. Он, инчунин, ба синдроми хушкии чашм оварда мерасонад.

Илтиҳоби чашм ва сироят

Истифодаи такрории миҷҷаҳои сунъӣ ва маводди кимиёвӣ дар ширеши сунъӣ боиси афзоиши бактерияҳои зараровар дар чашм мегардад, ки чашм сироят меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД